Дар марзи юнону турк ҳазорон низомии Юнонистон ҷамъ мешаванд

Дар марзи юнону турк ҳазорон низомии Юнонистон ҷамъ мешаванд

  • Post category:Ҷаҳон

Ҳукумати Юнон барои ҷилавгирӣ аз ворид шудани ноқонунии муҳоҷирон аз Туркия назорати марзҳоро мустаҳкам мекунад. Бо ин ҳадаф, дар гузаргоҳи “Кастаниес” ҳазор нафар низомӣ ва чорсад нафар корманди пулис ва автомобилҳои зиреҳпӯш ҷамъ мегарданд. Дар ин бора рӯзномаи Kathimerini навиштааст.
Гуфта мешавад, ки роҳи муҳоҷиронро боз кардани Анқар боиси тезу тунд шудани вазъият дар марзи юнону турк шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар марз беш аз 7 ҳазор нафар муҳоҷир ва паноҳҷӯён ҷамъ шудаанд.
Чанде пеш Юнонистон аз Иттиҳоди Аврупо тақозо карда буд, ки барои баррасии вазъияти муҳоҷирон ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии иттиҳод баргузор шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ