Интихоботи порлумонии Тоҷикистон баргузоршуда эътироф шуд

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон баргузоршуда эътироф шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Интихоботи маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон баргузоршуда эътироф шуд. Ба вақти Душанбе дар соати 15.00 3 миллиону 703 ҳазору 969 тан, ё 75,1 нафар интихоб кунандаи сабтиномшуда раъй доданд.
Ба гуфтаи Бахтиёр Худоёрзода, раиси комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, дар ин муддат касе ба комиссия шикоят накардааст.
Раъйдиҳӣ дар 3 ҳазору 412 нуқтаи интихоботӣ, аз ҷумла, дар хориҷа баргузор мешавад. Барои раъйдиҳӣ беш аз 4,9 миллион нафар сабтином шудаанд. Барои баргузоршуда эътироф шудани интибохот бояд беш аз 50 дарсад раъй диҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ