Боз як зан ҳоким таъин гардид

Боз як зан ҳоким таъин гардид

Наргиза Исомиддиновна Неъматова ҳокими ноҳияи Олоти вилояти Бухоро таъин карда шуд. Ин аввалин ҳодиса дар таърихи вилояти Бухоро мебошад, ки дар он зан ҳоким таъин шудааст.
Қаблан Наргиза Неъматова ба ҳайси муовини раиси ҳокимияти ноҳияи Олот, раиси кумитаи занони ноҳия ва охиран мудири шӯъбаи маҳалла ва дастгирии оила буд.
Ҳамин тариқ шумораи занҳое, ки дар Ӯзбекистон вазифаи ҳокимиро дар ӯҳда дорад ба ду нафар расид. Қаблан Дилфуза Уралова ҳокими ноҳияи Баяут таъин шуда буд.
Наргиза Неъматова, соли 1964 таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, табиб-терапевт. Соли 1991 Донишкадаи давлатии тиббии Тошкандро хатм намудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ