Паҳншавии коронавирус сатҳи ифлосшавии ҳавои Чинро хеле коҳиш дод

Паҳншавии коронавирус сатҳи ифлосшавии ҳавои Чинро хеле коҳиш дод

  • Post category:Саломатӣ

Аксҳое, ки бо ёрии моҳвораҳо бардошта шудаанд, собит мекунад, ки сатҳи ифлосшавии атмосфера дар Чин хеле коҳиш ёфтааст. Ин аксҳоро имрӯз NASA мунташир кард.
Дар нахустин се ҳафтаи моҳи январ моҳвораҳо ба замин аксҳоеро мефиристоданд, ки дар онҳо тамаркузи газҳо дар осмони Пекин ва Шанхайро мушоҳида карда мумкин буд. Вале дар Чин ба далели паҳншавии коронавирус режими карантин ҷорӣ шуд, ва дар аксҳои баъдӣ дида мешавад, ки сатҳи диоксиди азот (NO2) дар атмосфера хеле кам шудааст. Дар аксҳое, ки моҳвораҳо дар дувумин даҳрӯзаи моҳи феврал фиристодаанд, атмосфераи шаҳрҳои бузурги саноъатии Чин холӣ аз диоксиди азот дида мешаванд.
Диоксиди азот, яъне NO2 – навъи газест, ки аз автомобилҳо, нерӯгоҳҳо ва ҳар гуна корхонаҳои саноъатӣ ба ҳаво партоб мешавад. Диоксиди азот ҳангоми сӯхтани сӯзишвориҳои табиъӣ (ангишт, газ, моддаҳои нафтӣ) дар ҳарорати баланд ҳосил мегардад.
Бо шиддат коҳиш ёфтани сатҳи (NO2) дар атмосфера нишони буҳрони иқтисодии Чин дар пайи эпидемияи коронавирус аст. Бар асоси додаҳои Financial Times, баъди паҳншавии COVID-2019 фаъолияти корхонаву ширкатҳои Чин ба сатҳи рекордӣ поин рафтааст.
Дар зимн, то ҳол ҳукумати Чин барои мубориза бо коронавирус беш аз 14 миллиард доллар сарф кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ