Коронавирус боиси баста шудани музейи Луври Париж шуд

Музейи машҳури Луври Париж ба далели паҳншавии коронавирус як муддат баста мешавад. Ҳоло замони боз шудани дарҳои музей ба рӯи сайёҳону меҳмонон дақиқ нест. Дар ин бора намояндаи музей хабар додааст.
Маъмурияти музей ба зудӣ дар бораи замони идомаи фаъолияти музей эълон хоҳанд кард.
Бар асоси додаҳои охирин, дар Фаронса шумори мубталоёни вируси COVID-2019 беш аз 100 нафар шудааст. Ҳукумати Фаронса бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъият қарор кард, ки ҳамагуна тадбирҳоеро, ки дар дохили биноҳо баргузор мешаванд ва шумори ширкаткунандаашон аз 5 ҳазор нафар бештар аст, лағв (бекор) кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ