Намояндагони Чин имрӯз ба Ӯзбекистон меоянд

Намояндагони Чин имрӯз ба Ӯзбекистон меоянд

  • Post category:Ҷаҳон

Имрӯз ҳайъати намояндагони Чин тахти раҳбарии Ян Сзечи, раҳбари комиссияи корҳои хориҷии кумитаи марказии Ҳизби коммунистики ин кишвар ба Ӯзбекистон меоянд.
Бар асои додаҳои вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, дар чорчӯби сафари дурӯзаи намояндагони Чин раванди иҷрои тавофуқномаҳои имзошуда дар мулоқотҳои сатҳи олӣ баррасӣ мегардад.
Ҳамчунин, дурнамои рушди ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Ян Сзечи қабл аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рафт ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар дидор кард. Баъди сафари Ӯзбекистон ӯ ба Қазоқистон раҳсипор хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ Майкл Помпео, дабири кулли (вазири корҳои хориҷӣ) ИМА ба кишварҳои ИДМ, аз ҷумла, Ӯзбекистон ташриф оварда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ