Сарвазири якмоҳаи Ироқ истеъфо хост

Сарвазири якмоҳаи Ироқ истеъфо хост

  • Post category:Ҷаҳон

Муҳаммад Тавфиқ Алавӣ, сарвазири Ироқ ба Баҳром Солеҳ, раисҷумҳури кишвараш истеъфо додани худро маълум кард. Дар ин бора расонахои маҳаллӣ хабар додаанд.
Муҳаммад Алавӣ баъди он, ки натавонист аз порлумон барои таъсиси ҳукумати нав иҷоза бигирад, чунин тасмим гирифт.
Порлумони Ироқ бояд рӯзи 24 феврал дар як ҷаласа таркиби Шӯрои вазиронро тасдиқ мекард. Вале, ин ҳалли масъала ба далели норозӣ будани чанд фраксияи порлумон дар мавриди номзадҳои нав дар ҳаъйати ҳукумат ба таъвиқ афтод.
Масъалаи тасдиқи ҳукумати нав, ки бояд дар ҷаласаи рӯзи 1 марти порлумони Ироқ ҳал мешуд, бо сабаби ҳозир нашудани намояндагони кофӣ боз то замони дигар таъхир ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Алавӣ дар оғози моҳи феврал сарвазири Ироқ таъин шуда буд. Одил Абдул Маҳдӣ ал Мунтафиқӣ, раҳбари пешини ҳукумат дар пайи тазоҳуроти моҳи ноябр истеъфо дода буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ