Шумори кушташудагони даргириҳо дар Деҳлӣ ба 46 нафар расид

Шумори кушташудагони даргириҳо дар Деҳлӣ ба 46 нафар расид

  • Post category:Ҷаҳон

Шумори қурбониёни даргириҳо дар пойтахти Ҳиндустон, ки дар натиҷаи қабули қонуни нави шаҳрвандӣ дар ҳафтаи охирини моҳи феврал рух дод, ба 46 нафар расид.
Дар ин бора хабаргузории Xinhua ба нақл аз вазорати корҳои дохилии Ҳиндустон хабар додааст.
Рӯзи 1 март дар рӯдҳои Деҳлӣ ҷасади се нафари дигар пайдо шуданд.
Дар кулл, дар ин ҳодиса 46 нафар кушта ва беш аз 350 нафар захмӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, қонуни нави Ҳиндустон дар бораи шаҳрвандӣ, ки дар миёни моҳи декабр қабул шуд, мардумро ба хашм овард. Бар асоси ин қонун, муҳоҷироне, ки аз Бангладеш, Афғонистон ва Покистон ба Ҳиндустон меоянд, метавонанд шаҳрвандии ҳиндиро дарёфт кунанд, вале танҳо дар сурате, ки пайрави динҳои ҳиндӣ, сикхӣ, буддоӣ, зардуштӣ, ҷайнизм, ё масеҳӣ бошанд. Муҳоҷирони мусалмон аз ин имтиёз бебаҳра монданд.
Сокинони мусалмони Деҳлӣ ин қонунро табъиз (дискриминатсия) хонданд ва барои нишон додани эътирози худ ба кӯчаҳо баромаданд. Эътирозгарон автомобилҳоро сӯзонданд, мағозаҳоро хароб карданд, ба биноҳои давлатӣ оташ заданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ