Эпидемияи COVID-19 қариб 70 кишвари ҷаҳонро фаро гирифт

Эпидемияи COVID-19 қариб 70 кишвари ҷаҳонро фаро гирифт

  • Post category:Саломатӣ

Эпидемияи коронавируси нав тақрибан сеяки кулли кишварҳои рӯи заминро фаро гирифт. Дар Аврупо вазъияти Италия бадтар аз дигар кишварҳои қитъа аст. Субҳи имрӯз дар ин кишвар шумори мубталоён аз 1 700 ҳаззор болотар рафт. 11 шаҳри Италия дар режими инзивои (изолятсия) шадид қарор доранд.
Дар ҳоли ҳозир дар Фаронса шуморри беморон 130 нафар аст. Дар кишвар тадбирҳое, ки беш аз 5 ҳазор нафарро дар худ ҷамъ мекунад, лағв шуданд. Музейи Лувр фаъолияташро таваққуф кард.
Дар Британияи Кабир низ барои пешгирӣ аз паҳншавии вирус ҳамагуна иқдомҳои зарурӣ амалӣ мегардад. Борис Ҷонсон, сарвазири Бртианияи Кабир таъкид кард, ки бо вуҷуди вируси нав будани COVID-19, ин кишвар тавони мағлуб кардани эпидемияро дорад.
Бино ба хабари ТАСС, субҳи имрӯз 93 кишвари ҷаҳон вурӯди сайёҳон ва соҳибкорони Кореяи Ҷанубиро ба қаламрави худ маҳдуд ва 37 кишвар комилан мамнӯъ карданд.
Нафароне, ки аз Кореяи Ҷанубӣ ба дигар давлат мераванд, ба карантини дуҳафтаӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир дар Кореяи Ҷанубӣ беш аз 4 200 нафар мубталои вирус шудаанд.
Хатари паҳншавии коронавирус мактабҳои Японияро имрӯз таътил кард. Таътил дар 46-то аз 47 вилояти Япония ҷорӣ шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ