Арабистони Саъудӣ барои мубталоёни коронавирус 25 бемористон омода кард

Арабистони Саъудӣ барои мубталоёни коронавирус 25 бемористон омода кард

  • Post category:Саломатӣ

Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саъудӣ барои қабули шаҳрвандоне, ки мубталои коронавирус шуданд, 25-то бемористонро омода карданд. Дар ин бора Gulf News хабар дод.
Чанде пеш ин кишвар зиёрати Маккаву Мадинаро муваққатан мамнӯъ ва воридшавии шаҳрвандони чанд кишварро маҳдуд карда буданд.
Арабистони Саъудӣ ягона кишвари Халиҷи Форс мебошад, ки дар қаламраваш ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ