Кашмакашии ронандагон бо муштзанӣ анҷомид

Кашмакашии ронандагон бо муштзанӣ анҷомид


Дар вилоятамон байни ронандаҳо кашмакашӣ авҷ гирифт.
Бино ба маълумотҳо вақте ки сокини 24 – солаи маҳаллаи Ойтамғалии ноҳияи Оқдарё Ӯ.С. бо мошини русуми “Дамас” – и худ дар самти шаҳраки Лоиш ҳаракат дошт, ронандаи мошини русуми “Кобалт”, сокини 48 – солаи маҳаллаи Янгиободи ноҳияи Оқдарё Н.Ж. ба ӯ бо дасташ ишораи истоданро мекунад. Ӯ С. мошинашро нигоҳ медорад. Н.Ж.ба Ӯ.С. “Ба роҳ нигоҳ карда ронӣ намешавад, қоидаи ҳаракати роҳро намедони — мӣ?” гӯфта дод мезанад ва ӯро бо суханони қабеҳ ҳақорат карда, ба қисми рӯяш бо мушт ҷароҳат мерасонад.
Бино ба маълумоти хулосаи тиббӣ дар соҳаи бинии тани Ӯ.С. ҷароҳати шикасти бинӣ аниқ гардидааст.
Аз рӯйи ҳолати мазкур нисбати Н.Ж. бо қисми 2 –и моддаи 109 – и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.


Хизмати ахбори Садорати корҳои дохилии вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ