Дар интихоботи Тоҷикистон ҳизби ҳоким пирӯз шуд

Дар интихоботи Тоҷикистон ҳизби ҳоким пирӯз шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Рӯзи гузашта, 1 март дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Имрӯз натиҷаҳои интихоботро эълон карданд.
Ҳизби мардумӣ-демократии Тоҷикистон (ҲМДТ), ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон раҳбари он аст, бо дарёфти 50,4 дарсад раъй пирӯз шуд. Бо ин ҳол ҲМДТ соҳиби 12 мандат шуд.
Натиҷаҳои интихобот дар нишасти матбуъотие, ки бо ширкати Бахтиёр Худоёрзода, раиси комиссияи марказии интихобот барпо шуд, эълон гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҲМДТ ҳизби бузург дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Эмомалӣ Раҳмон раҳбари ҳизб аст. ҲМДТ соли 1994, 10 декабр таъсис ёфтааст. Бар асоси додаҳои соли 2019, ин ҳизб беш аз 460 ҳазор нафар узв дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ