Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар маросими баимзорасонии созишномаи истиқрори сулҳ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷунбиши Толибон иштирок кард

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар маросими баимзорасонии созишномаи истиқрори сулҳ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷунбиши Толибон иштирок кард

  • Post category:Ҷаҳон

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов рӯзи 29-уми феврал дар Давҳа дар маросими баимзорасонии созишномаи истиқрори сулҳ дар Афғонистон байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷунбиши Толибон иштирок кард.
Дар ин маросим инчунин вазирони корҳои хориҷии ИМА, Қатар, Норвегия, Индонезия, Туркия, Покистон, Умон, Тоҷикистон, Туркманистон, намояндагони махсуси Русия, Қазоқистон ва Ҷопон оид ба Афғонистон ҳузур доштанд.
Имзои созишномаи мазкур бо миёнҷигарии Қатар сурат гирифта, қадаме дар раванди поён бахшидани ҷанг дар Афғонистон ва заминае барои шурӯъи муколамаи байниафғонӣ арзёбӣ мегардад.
Зикр мешавад, ки дар ҳошияи чорабинии мазкур суҳбат ва мулоқотҳои кӯтоҳи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо вазирони корҳои хориҷии ИМА М.Помпео, Тоҷикистон – С.Муҳриддин, Туркманистон – Р.Мередов баргузор шуданд.
Моҳияти созишнома
Мувофиқи шартҳои созишнома, ҳукумати Афғонистон бояд то 29-уми май бо Шӯрои амнияти СММ дар бораи хориҷ кардани “Толибон” аз рӯйхати таҳримҳо гуфтушунид гузаронад. Вашингтон уҳдадор шуд, ки то 27-уми август гурӯҳро аз феҳристи таҳримҳо хориҷ мекунад.
ИМА ҳамчунин ваъда дод, ки давоми 135 рӯз шумори низомиёнашро дар Афғонистон то 8,6 ҳазор нафар кам мекунад. Иҷрои ин шарт ба он вобаста хоҳад буд, ки Толибон то кадом андоза уҳдадориҳои худро дар доираи ин созишнома иҷро мекунанд. Толибон дар навбати худ ба даст кашидан аз ҳамлаҳо дар қаламрави Афғонистон уҳдадор мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, ИМА бояд аз истифодаи нерӯ бар зидди тамомияти қаламрави Афғонистон худдорӣ варзида, ҳамчунин ба сиёсати дохилии ин кишвар дахолат накунад. ИМА ҳамчунин ҳамасола барои омӯзиш, машварат ва муҷаҳҳаз гардонидани нерӯҳои амнияти Афғонистон ба ин кишвар кумак мекунад. Ҳукумати Афғонистон дар навбати худ ҳамчун иродаи нек то 5 ҳазор толибони маҳкумшударо ба ивази озодии 1 ҳазор кормандони нерӯҳои амниятӣ, ки дар асорати Толибон қарор доранд, озод мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ