Аз 1-уми марти соли равон иртиботи ҳавоӣ бо Эрону Афғонистон қатъ гардид

Аз 1-уми марти соли равон иртиботи ҳавоӣ бо Эрону Афғонистон қатъ гардид

Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон мақомоти авиатсионӣ ва ширкатҳои Эрону Афғонистонро дар бораи қатъи муваққатии иртиботи ҳавоӣ аз 1-уми марти соли равон огоҳ кард. Дар ин бора CentralAsia хабар медиҳад.
Ин қарор бо мақсади пешгирии вуруд ва паҳншавии коронавируси COVID-19 дар қаламрави мамлакат қабул шудааст.
Ба шаҳрвандони мамлакат низ тавсия дода шуд, аз сафар ба Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо, ки дар онҳо паҳншавии коронавирус мушоҳида мешавад, то беҳбуди вазъ худдорӣ варзанд.
Қаблан дар бораи аз 1-уми март ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар иртиботи ҳавоӣ бо Кореяи Ҷанубӣ ва Италия хабар дода шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ