Чин дар интизории ҳамлаи малах аз кишварҳои ҳамсоя аст

Чин дар интизории ҳамлаи малах аз кишварҳои ҳамсоя аст

Чин дар интизории ҳамлаи малах аз кишварҳои ҳамсоя аст
Идораи ҷангалдории Чин ба ҳукумат ҳушдор дод, ки бояд ба ҳамлаи малах аз кишварҳои ҳамсоя – Покистон, Ҳиндустон, Мянма ва Қазоқистон омодагӣ бинанд.
Дар ин бора хабаргузории Синхуа гузориш дод.
Бар асоси пешбинии Созмони амнияти ғизоӣ ва кишоварзӣ, ҳуҷуми малах аз Африқо ба Чин метавонад то моҳи июн идома диҳад. Ҳамчунин, мумкин аст, ки “гала”-и малахҳо аз ҳаҷми имрӯзаашон 500 баробар афзоиш ёбад.
Идораи ҷангалдории Чин таъкид кард, ки малахҳо аз тариқи Ҳиндустон ва Покистон ба Тибет, аз тариқи Мянма ба ҷануби ғарбии кишвар ва аз тариқи Қазоқистон ба Синсзян ворид хоҳанд шуд. Дар ҳар гуна вазъият ҳамлаи малахҳо ба амнияти ғизоӣ ва сатҳи зиндагии мардум зарари калон хоҳад расонд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ