Ба донишҷӯён имконият дода шуд, ки пӯли таҳсилро дар давоми сол ба чор тақсим карда супоранд

Ба донишҷӯён имконият дода шуд, ки пӯли таҳсилро дар давоми сол ба чор тақсим карда супоранд

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Президенти Ӯзбекистон фармонеро дар бораи «Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи ҳаракатҳо оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ва дар Соли «Рушди илм, маърифат ва иқтисоди рақамӣ» имзо кард.
Тибқи Фармони мазкур, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо якҷоягӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдор ба муассисаҳои таълими олӣ имкон медиҳад, ки дар давоми соли хониш чор маротиба пӯли таҳсилро пардохт кунанд.
Аз соли хониши 2020/2021, Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд тадриҷан таҷрибаи таҳсили масофавиро мегузаронанд.
Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати адлия, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи касбӣ татбиқи таълими масофавиро то 1-уми августи соли 2020, ҷорӣ кардани платформаҳои таълими масофавиро ба роҳ мондан дар назар аст. Таҷҳизотҳои заруриро бо тартиби муқаррарӣ таъмин менамояд.
Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар бораи ҷорӣ намудани таълими масофавӣ дар системаи таълими олӣ то 1-уми январи соли 2021 бо ҷадвали татбиқи ин шакли таълим ба муассисаҳои таълими олӣ пешниҳодҳо ирсол менамояд.
Суннатулло Абдуллоев

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ