Кумитаи иҷроияи КМО баргузории Олимпиадаи Токиоро баррасӣ мекунад

Кумитаи иҷроияи КМО баргузории Олимпиадаи Токиоро баррасӣ мекунад

  • Post category:Ҷаҳон


Рӯзҳои 3 ва 4 март дар шаҳри Лозанна кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии Олимпия баргузории Бозиҳои тобистонии Токио-2020-ро дар пасзаминаи паҳншавии коронавирус баррасӣ мекунад. Ҳамчунин, омодагӣ ба олимпиадаҳои солҳои 2022, 2024 ва 2026 низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Чанде пеш Томас Бах раиси КМО гуфт, ки эҳтимоли лағви Олимпиадаи Токио, ё ба таъвиқ гузоштани он баррасӣ намешавад. Дар зимн, баргузории мусобиқа дар вазъияти паҳншавии коронавирус дар ин ҷаласа яке аз мавзӯъҳои асосӣ хоҳад буд. КМО ҳанӯз ҳамагуна хатарҳои баргузории чунин мусобиқаи густурда дар пойтахти Японияро бо диққат меомӯзад.
Бо ин ҳама ҳол, дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба олимпиадаҳои Пекин, Париж ва Милан низ баррасӣ хоҳад шуд.
Чанде пеш Сэйко Хасимото, масъули баргузории Олимпиадаи Токио ба порлумони Япония таъкид кард, ки омода аст дар ҳама гуна вазъияту шароит мусобиқаро баргузор кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ