Ӯзбекистон оинномаи Конфронси Гаагаро тасвиб кард

Ӯзбекистон оинномаи Конфронси Гаагаро тасвиб кард


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон қонуни “Дар бораи тасвиби оинномаи Конфронси Гаага дар бобати ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ”-ро имзо кард.
Маҷлиси қонунгузории порлумон ин қонунро 18 феврали соли ҷорӣ қабул карда буд. Сенат онро рӯзи 28 феврал тасдиқ кард.
Конфронси Гаага – Созмони байналмилалии миёнҳукуматӣ соли 1893 таъсис ёфтааст. Қароргоҳи он дар шаҳри Гаага ҷойгир аст.
Ҳадафи асосии созмон кумак додан ба унификатсияи (ҳамсон кардан) тадриҷии меъёрҳои ҳуқуқи хусусӣ мебошад.
Дар ҳоли ҳозир 82 кишвар, аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо узви ин созмон мебошанд. Аз миёни кишварҳои ИДМ Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон ва Русия узви созмон ҳастанд.
Конфронси Гаага бар асоси оинномаи 15 июли соли 1955 фаъолият мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ