Тоҷикистон вуруди шаҳрвандони 35 кишварро манъ кард

Тоҷикистон вуруди шаҳрвандони 35 кишварро манъ кард

  • Post category:Ҷаҳон


Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин ширкатҳои сайёҳӣ дар бораи иҷоза надодани сафар тариқи ҳавопаймо ба шаҳрвандони 35 кишвар огоҳинома фиристод. Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар медиҳад.
Ин қарор бо мақсади пешгирии паҳншавии имконпазири коронавирус дар ҷумҳурӣ ва таъмини солимиву бехатарии шаҳрвандони ин кишвар қабул шудааст.
Дар рӯйхати кишварҳое, ки вуруди шаҳрвандонашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан манъ аст, давлатҳои зерин зикр шудаанд: Чин , Ҷопон, Корея, Ветнам, Сингапур, Австралия, Малайзия, Камбоҷа, Филиппин, Таиланд, Непал, Шри-Ланка, Ҳиндустон, Финландия, Италия, Британия, Испания, Шветсия, Белгия, Исроил, Австрия, Хорватия, Швейтсария, ИМА, Канада, Аороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Эрон, Лубнон, Кувайт, Баҳрайн, Уммон, Афғонистон, Ироқ ва Алҷазоир.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ