Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сӯхтор сар зад. 70 ҳазор китоб аз сӯхтор наҷот дода шуд

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сӯхтор сар зад. 70 ҳазор китоб аз сӯхтор наҷот дода шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Рӯзи 2-юми март дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сӯхтор сар зад.
Дар ҷараёни сӯхтор ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст ва фавти одамон низ бақайд гирифта нашудаст.
Бино ба итилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур соати 06:38 дақиқа дар ин донишгоҳ, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев 63/3-и шаҳри Душанбе ба амал омад.
Ҳангоми ҳозир шудани оташнишонон дар масоҳати 630 метри мураббаъ дохил ва болопӯши бинои китобхонаи донишгоҳро алангаи кушод ва дуди ғализ фаро гирифта, хавфи паҳн шуданаш ба қисматҳои дигари бино ва биноҳои таълимии шафати он ба миён омада буд.
Бо чораҳои фаврӣ молу ашёи қимматнок, компютеру дигар таҷҳизоти муосир ва китобҳои илмию бадеӣ, ки шумораашон зиёда 70 ҳазор ададро ташкил мекард, аз нобудшавӣ дар коми оташ наҷот дода шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ