Нерӯҳои мусаллаҳи Сурия 3 деҳаи шарқи вилояти Идлибро озод карданд

Нерӯҳои мусаллаҳи Сурия 3 деҳаи шарқи вилояти Идлибро озод карданд

  • Post category:Ҷаҳон

Артиши ҳукумати Сурия чанд маркази аҳолинишин дар шарқи Идлибро аз гурӯҳҳои ифротгаро озод кард.
Бино ба хабари шабакаи телевизионии Al Mayadeen, артиши Сурия дар натиҷаи ҷангҳои шадид деҳаҳои Дадиҳ, Кафр Батиҳ, Ҷубас ва Трунбаро зери назорати худ даровард.
Бо ин ҳол нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумат ба шаҳри Эрих боз наздиктар шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 март низ хабари зери тасарруфи артиши Сурия даромадани ду деҳаи вилояти Идлиб дар расонаҳо мунташир шуд. Гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия маҷбур шуданд, ки аз деҳҳои Ҷавбас ва Танабеҳ ақибнишинӣ кунанд. Артиши Сурия баъди барқарор кардани назорати ҳукумат дар ин деҳҳо ба сӯи гаҳри Найраб ҳаракат мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ