Ӯзбекистон 12 нафар тоҷикистониро низ дар карантин ҷойгир кард

Ӯзбекистон 12 нафар тоҷикистониро низ дар карантин ҷойгир кард


12 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои бозгашт ба ватан аз Сеул ба Тошканд парвоз карданд, ба карантини дуҳафтаӣ ҷойгир шуданд.
Дар ин бора Kursiv.kz ба нақл аз оҷонси санитарӣ-эпидомиологии Ӯзбекистон гузориш додааст.
Ҳадаф аз ин иқдом пешгирӣ аз паҳншавии COVID-2019 дар Ӯзбекистон аст.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways, аз Сеул ба Тошканд 253 нафар мусофир омадаанд. 178 нафари онҳо шаҳрванди Ӯзбекистон ва 75 нафар хориҷӣ мебошанд. 22 нафари хориҷиён аз тариқи Тошканд ба дигар кишварҳо парвоз карданд.
Кулли ӯзбекистониён ва хориҷиёне, ки аз Сеул омаданд, дар карантини чордаҳрӯза нигоҳ дошта мешаванд. 20 нафари онҳо шаҳрванди Русия, 18 нафар шаҳрванди Қазоқистон, 12 нафар шаҳрвани Тоҷикистон, 2 нафар шаҳрванди Қирғизистон ва 1 нафар шаҳрванди Ҳиндустон мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ