Моҳияти таҳрири нави кодекси андоз баррасӣ гардид

Моҳияти таҳрири нави кодекси андоз баррасӣ гардид
  • Post category:Иқтисод


Дирӯз дар маҳаллаи Оқмасҷиди ноҳияи Самарқанд вохӯрии роҳбари сектори чорум, сардори Садорати андози давлатии вилоят Шодиёр Аҳмедов бо аҳолии маҳалла доир гардид.
Нахуст Ш.Аҳмедов дар бораи андоз ва намудҳои он, мазмуну моҳияти ҳуҷҷатҳои меъёрии нав, ки дар ин сохтор имзо гардидаанд, таҳрири нави кодекси андоз имтиёзоти андоз ба соҳибкорони тартиби якка, аҳамияти истифодаи босамар аз замини наздиҳавлигӣ, ташкили корхонаҳои оилавӣ, шартҳои ба иҷора гирифтани замин ва ғайр маълумот дод.

  • Бар асоси таҳрири нави Кодекси андоз аз 1-уми апрели соли ҷорӣ оғоз намуда, имтиёзҳое, ки ба ташаккули муҳити мӯътадили рақобат ба иқтисодиёт монеъ мешаванд, бекор мегардад, — гуфт Ш.Аҳмедов. — Дар кодекси андозе, ки то 1-уми январи соли 2020 дар амал буд, барои соҳибкорон 380-то имтиёз дар назар дошта шуда буд. Дар ҷараёни таҳияи таҳрири нави кодекс имтиёзҳо аз инвентаризатсия гузаронида шуданд ва қисме аз онҳо бекор гардида, ададашон 301-то муқаррар гардид. Дар ин раванд имтиёзҳои андозе, ки дорои аҳамияти иҷтимоиянд, яъне ба соҳаҳои таълим, тиббиёт, маданият, хизмати маишӣ мутаалиқанд, нигоҳ дошта шуданд.
    Инчунин, дар вохӯрӣ сарвари нозироти андози давлатии ноҳияи Самарқанд Фаррух Усмонов роҷеъ ба аҳамияти пардохти саривақтии андоздҳо аз тарафи шаҳрвандон ҳарф зад.
    Иштирокдорон Комил Собиров, Аброр Ҷӯрақулов, Ислом Акрамов, Орзу Ҳакимов ва дигарон фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ