Ба шахсони ҷисмонӣ иҷозаи таксиронӣ дода мешавад

Ба шахсони ҷисмонӣ иҷозаи таксиронӣ дода мешавад

  • Post category:Иқтисод


Ҳукумат ба шахсони ҷисмонӣ дар дохилу атрофи шаҳр ва миёни шаҳрҳо иҷозаи ҳамлу нақли мусофиронро хоҳад дод.
Шавкат Мирзиёев фармони “Дар бораи барномаи давлатӣ бобати амалисозии Стратегияи ҳаракатҳо дар 5 самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон (дар солҳои 2017-2021) дар “Соли рушди илм, маърифат ва иқтисоди рақамӣ”-ро имзо кард.
Бо ин фармон вазоратҳои ҳамлу нақл ва адлия муштаракан дар муддати 3 моҳ бо истифода аз усули замонавии назорати фаъолияти ҳомилон (перевозчик) дар системаи ягонаи ахбороти интерактивии “ UzTrans” ба Девони Вазирон чунин пешниҳодҳо мекунанд:
Амалӣ кардани ҳамлу нақли бор бо автомобилҳо дар шаҳр, атрофи он ва роҳҳои байналмилалӣ тавассути хабардор кардан аз оғози ҳамлу нақл ва ҷорӣ кардани сабтиноми онлайни воситаҳои нақлияе, ки ҳамлу нақли байналмилалиро анҷом медиҳанд;
Додани ҳуқуқи ҳамлу нақли мусофирон ба шахсони ҷисмонӣ бо автомобил дар шаҳр, атрофи шаҳр ва миёни шаҳрҳо.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ