120 ҳазор ниҳол шинонида шуд

120 ҳазор ниҳол шинонида шуд

Дар рӯзҳои аввали фасли баҳор ходимони шӯъбаи корҳои ободонии ноҳияи Самарқанд ҷӯйборҳо, кӯчаву хиёбон, қабристону зиёратгоҳҳоро тоза намуда, ниҳолшинонӣ мекунанд.
Ин ташаббусро ҳокими ноҳия Н.Мавлонов дастгирӣ ва дар ин ҷараён иштирок кард.
— Барои кашондани партовҳое, ки аз ҳудудҳои ободгардонидашуда баромадаанд, наздик ба 10 адад техника ҷалб карда шудааст, — гуфт сарвари шӯъбаи корхонаи унитарӣ-давлатии “Тоза ҳудуд” Равшан Хайруллоев. – То ҳол техникаҳо қариб 20 тонна партовро кашонданд. Қариб 30 километр роҳ ва 10 километр ҷӯйбору заҳбурҳо тоза карда шуданд. Албатта, ин корҳо вазифаи ҳаррӯзаи мост. Хурсандиовараш, ташкилотҳо ёрӣ мерасонанд. Ҳудуди худро тоза мекунанд ва ба ободонии ноҳия саҳм мегузоранд.
То имрӯз дар ноҳия зиёда аз 120 ҳазор ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва манзаравӣ шинонда шуд. Дар боғи истироҳатии ноҳия шинонидани сафораи япон, қарағайи қримӣ, павловния, каталпа барин  дарахтони манзаравӣ ва зудсабз ба нақша гирифта шудааст.

Хизмати ахбори ҳокимияти ноҳияи Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ