Поликлиникаи оилавӣ соҳиби бинои нав гардид

Поликлиникаи оилавӣ соҳиби бинои нав гардид
  • Post category:Саломатӣ

Бинои кӯҳнаи поликлиникаи оилавии рақами 9-и шаҳри Самарқанд соли 1976 сохта шудааст. Баъдтар ба сифати мактаби таълими умумӣ истифода шудааст. Соли 2007 ба поликлиника мувофиқ гардонида шуд.
Поликлиникаи мазкур ба зиёда аз 29 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои “Боғисарой”, “Ҳунармандлар”, “Ҳазора”, “Ватанпарвар” ва “Дӯстлик”-и шаҳри Самарқанд хизмат мерасонад. Дар бинои кӯҳнаи поликлиника сохтори гармидиҳӣ умуман кор намекард. Ин ба ходимони тиббӣ ва мизоҷон низ як қатор ноқулаиҳо ба вуҷуд меовард.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ 4 миллиарду 268 миллион сӯм ҷудо гардида бинои сеошёнаи замонавӣ сохта шуд. Муассиса дар доираи лоиҳаи “Саломатӣ-3” бо асбобу анҷомҳои тиббӣ таҷҳизонида шуд. Барои лаборатория анализатори биокимиёвии замонавӣ, бинокуляр, микроскоп, дастгоҳи замонавии 3 каналии ЭКГ ва компутерҳо ҷудо карда шуд. Аз ҳама муҳимаш шӯъбаи “Маслиҳатхонаи бонувон”, хонаҳои  “Мактаби модарон”, “Модар ва фарзанди солим” ҷудо ва таҷҳизонида шуд. Барои ходимони ёрии тиббии таъҷилӣ шароитҳо муҳайё гардид.
Дирӯз шифокорон ва кормандони муассисаи мазкур дар бинои нав ба кор шурӯъ намуданд.

Хизмати ахбори Садорати ҳифзи тандурустӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ