Аҳмад Саъд Доманҳурӣ: Мотуридӣ пас аз Афлотун файласуфи дуюм аст

Аҳмад Саъд Доманҳурӣ: Мотуридӣ пас аз Афлотун файласуфи дуюм аст

Роҳабари академияи илмҳои исломи Туркия — яке аз меҳмонони воломартабаи анҷумани байналхалқӣ, ки дар Самарқанд зери мавзӯи “Имом Абӯ Мансур Мотуридӣ ва таълимоти ӯ: гузашта ва имрӯз” давом дорад, Аҳмад Саъд Доманҳурӣ оиди Мртуридӣ чунин изҳори ақида намуд:
— Ман пеш аз ба Ӯзбекситон омадан роҷеи ислоҳот, ки дар ин мамлакат дар соҳаи динӣ амалӣ мегардад, хабардор шудам, хондам. Бахусус, дар ин бобат соҳиби илму маърифат будани Президент Шавкат Мирзиёев ва айнан роҳбари давлат будани ташаббускори анҷумани мазкур моро хеле хушнуд кард.
Ман аз соли 2007 инҷониб дар бораи китобҳои тафсири Мотуридӣ ҷустуҷӯҳои илмӣ, корҳои тадқиқотӣ мебарам. Фаъолиятамро комилан ба ин мавзӯъ бахшидаам.  Барои чӣ? Дар ҷараёни омӯзиши таърихи ислом маро факте дар ҳайрат гузошт. Дар аҳли сунна ва ал-ҷамоа номи ду алломаи бузург эътироф карда мешавад. Инҳо Имом Мотуридӣ ва Имом Ашъарӣ. Оиди Имом Ашъарӣ, ҳаёт ва фаъолияти ӯ дар китобҳо 100-120 саҳифа маълумот мавҷуд аст. Ба ин асари “Табақоти шофиия”-ро мисол овардан мумкин аст.
вале Мотуридӣ дар китобҳои таърихӣ кам ба забон гирифта шудааст. масалан, дар ин бора дар асари “Табсиратул адилла”-и Абӯ Муин Насафӣ танҳо 20 сатр маълумот ҳаст. Дар китобҳои роҷеъ ба мазҳаби Ҳанафӣ низ бо чанд сатр маҳдуд шудааст. Маҳз барои ҳамин ҳаракат намудам ҳаёт ва фаъолияти ӯро амиқтар омӯзам. Ва ба ҷамъоварии маълумоти бештар шурӯъ намудам. Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳо китоби “Саддус-суғур би сийрати аламий Ҳуда Абӯ Мансур”-ро навиштам, ки аз 200 саҳифа иборат аст. Ин асар ба бартараф намудани баъзе нофаҳмогиҳо оиди шахси Мотуридӣ ва ба маънои маълум эътироф намудани хизматҳои бузурги ӯ нигаронида шудааст.
яке аз мақсадҳои дар назар доштаи анҷуман хубтар хабардор намудани аҳли муслимин бо Имом Мотуридӣ ё дигар манбаъҳои Аҳли сунна ва ал-ҷамоа буда, хоссатан барои ҷавонон расонидани ҳақиқати аслист. Ғайр аз ин, дар айни замон, ки дар Аврупо аз ҷониби баъзе гурӯҳҳо нисбати Ислом ҳаракатҳои номақбул содир мегардад ба саволҳои зиёди мазмуни фалсафидошта аз Мотуридӣ ҷавобҳои аниқ ва асосноки илмӣ ёфтан мумкин аст. Зеро, Имом Абӯ Мансур Мотуридӣ баробари асосгузори ақидаи Исломӣ будан олими бузурги фалсафӣ низ буд. Ӯ дар замони худ пас аз Афлотун олими фалсафии дуюм ҳисоб мерафт. Ин аз ҷониби доираҳои илмӣ ва зиёиёни дунё тан гирифта шудааст. минбаъд дар Аврупо ба мақсади инкор намудани эътирофи мазкур Ҷон Док, ки пас аз 800 сол зиндагӣ кардааст ба Мотуридӣ муқобил гузошта ва ба сифати файласуфи дуюм нишон дода шудааст. дар ин бобат манбаъҳои назариро амиқтар омӯхта, таҳлилҳои зарурӣ бурда шавад, ҳақиқат қарор хоҳад ёфт.
Аз ҳама муҳимаш ҳаёту фаъолият ва асарҳои Имом Мотуридӣ ба тарбияи ҷавонон таъсири мусбӣ мерасонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ