Иқтисод

Муддат пардохти пули шартномаи таҳсил то 20 март тамдид шуд

Бо тасмими комиссияи давлатии қабул ба муассисаҳои таълимӣ, муддати пардохти пули шартномаи таҳсил барои нимаи аввали соли таҳсили 2019-2020 то 20 март тамдид шуд.
Бино ба хабари вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, довталабоне, ки:
– дар соли таҳсили 2019-2020 бар асоси шартнома ба таҳсили бакалавриат ва магистратура барои донишҷӯӣ пешниҳод шуданд;
– донишҷӯёне, ки таҳсили худро кӯчонданд, ё дубора барқарор карданд;
– донишҷӯёни хориҷӣ метавонанд то 20 марти соли ҷорӣ пули шартномаи таҳсилро барои нимаи аввали сол пардохт кунанд ва қабули худро ба саффи донишҷӯён расмӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли таҳсили оянда донишҷӯён метавонанд пули таҳсилро ҳадди ақал ба чор тақсим карда пардохт кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ