Бонки ҷаҳонӣ барои мубориза бо коронавирус $12 миллиард ихтисос медиҳад

Бонки ҷаҳонӣ эълон кард, ки барои мубориза бо вируси COVID-19 12 миллиард доллар ихтисос медиҳад.
Гуфта мешавад, ки 8 миллиард доллар ин кумак ба зудӣ ихтисос хоҳад ёфт.
Бонки ҷаҳонӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд барои мустаҳкам кардани системаи тандурустӣ, ҳифзи мардум аз эпидемия, назорати он, фаъолсозии тадбирҳои заминаи тандурустӣ ва коҳиш додани таъсири эпидемия ба иқтисод кумак медиҳад.
Кишварҳо аз тариқи созмонҳои Анҷумани байналмилалии рушд, Бонки байналмилали бозсозӣ ва рушд, Ширкати байналмилалии молиявӣ кумаки Бонки ҷаҳониро дарёфт мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ