Кумаки навбатии Ӯзбекистон ба Чин фиристода шуд


Рӯзи гузашта аз фурӯдгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов дувумин кумаки инсондӯстонаи Ӯзбекистон ба Чин фиристода шуд.
Ин бор пӯшокҳои махсуси тиббӣ, ниқоб ва докаҳои тиббӣ ба Чин равона гардид.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 12 феврал низ Ӯзбекистон афзорҳои тиббиро ҳамчун кумаки инсондӯстона ба ин кишвар фиристода буд.
Ҳадаф аз ин кумак пуштибонии Чин дар мубориза бо коронавирус, аз байн бурдани паҳншавии он мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ