Олимон муъайян карданд, ки коронавирус ба кадом гурӯҳи одамон таҳдидовар нест

Олимон муъайян карданд, ки коронавирус ба кадом гурӯҳи одамон таҳдидовар нест
  • Post category:Саломатӣ

Бино ба гузориши “Известия” ба истинод ба ҳисоботи маркази назорат ва беҳсозии бемориҳои Чин, кӯдакону наврасон камтар аз дигарон мубталои коронавирус мегарданд.
Мутахассисон то 11 феврал ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирусро омӯхтанд. Дар натиҷа маълум шуд, ки танҳо 1 дарсади беморони COVID-2019 кӯдакону наврасон мебошанд.
Дар зимн, вирусологҳои Русия ба натиҷабандӣ дар ин замина шитоб намекунанд. Александр Лукашев, раиси пажӯҳишгоҳи паразитологияи донишгоҳи тиббии Сеченовскийи Маскав таъкид мекунад, ки ин масъала бояд дақиқтар омӯхта шавад.
Ба гуфтаи Мария Ведунова, мудири пажӯҳишгоҳи биология ва тибби биологии донишгоҳи давлатии Нижегород, системаи иммуни кӯдакону наврасон онҳоро аз бемориҳои вирусӣ нисбат ба дигарон беҳтар ҳифз мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ