Имом Абу Мансур Мотуридӣ ва таълимоти мотуридия: гузашта ва имрӯз

Имом Абу Мансур Мотуридӣ ва таълимоти мотуридия: гузашта ва имрӯз

Имрӯзҳо дар шаҳри Самарқанд таҳти мавзӯи «Имом Абу Мансур Мотуридӣ ва таълимоти мотуридия: гузашта ва имрӯз» конференсияи байналхалқӣ доир мегардад.
Анҷуман аз тарафи Кумитаи оид ба корҳои динии назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон, Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон, Маркази байналхалқии илмӣ—тадқиқотии Имом Бухорӣ, Академияи фанҳо ва дигар ташкилотҳо дар ҳамкорӣ бо маҷмӯаи «Ал-¬Азҳар»-и Миср ташкил гардид.
Дар чорабинӣ ҳайати намояндагони Миср бо сарварии сарвари маҷмӯаи «Ал-¬Азҳар» Шайх Аҳмад Таййиб, инчунин, уламо, олимони исломшинос, сарварони муассисаҳои таълимии бонуфуз ва марказҳои илмӣ-¬тадқиқотии қариб 70 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла Босния, Гертсеговина, Германия, Иордания, Индонезия, Малайзия, Покистон, Россия, Туркия, Украина, Швейсария, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳузур доштанд.
Дар тадбири ифтитоҳии анҷуман ҷонишини сарвазир Азиз Абдуҳакимов, мушовири Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Рустам Қосимов, раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекис¬тон, муфтӣ Усмонхон Алимов, ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ва дигарон иштирок карданд.
Зикр гашт, ки солҳои охир дар мамлакати мо бобати ҳифзи анъана ва арзишҳои миллии чандинасрина, ба авлоди оянда бегазанд расонидани онҳо, таъмини озодии эътиқод, бахусус, тарғиби моҳияти аслии дини ислом, ки асосашро накӯкорӣ ва хайр¬хоҳӣ ташкил мекунад, корҳои зиёд иҷро мешаванд.
Таъкид гардид, ки анҷумани байналхалқӣ беҳуда дар шаҳри Самарқанд гузаронида намешавад. Ин шаҳри қадимӣ ва тамаддунофар дар ривоҷи дини ислом мавқеи босазо дорад ва мавзӯъҳое, ки дар доираи чорабинӣ баррасӣ мешаванд, бобати тарғиби моҳияти аслии дини ислом аҳамияти муҳим дошта, ҳуҷҷатҳое, ки дар анҷоми тадбир имзо мегарданд, барои рушди минбаъдаи фарҳанг ва тамаддуни ислом хизмат мекунад.
Дар маросими ифтитоҳии анҷуман ба ҷаноб Шайх Аҳмад Таййиб унвони шаҳрванди ифтихории шаҳри Самарқанд дода шуд.
Ҳангоми танаффус ба роҳбари маҷмӯаи «Ал-¬Азҳар» номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва факсимилеи нусхаи асари «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Марғинонӣ доир ба асри XIII супурда шуд.
Шайх Аҳмад Таййиб мамнунияти худро аз эътибор баён карда, ба Президенти мамлакат изҳори сипосгузорӣ намуд. Зикр кард, ки китоби нодири тӯҳфашуда дар маҷмӯаи «Ал-¬Азҳар» ба сифати манбаи арзишманди таърихӣ омӯхта мешавад ва ба таври васеъ тадқиқ мегардад.
Дар доираи анҷуман роҳбари маҷмӯаи «Ал-¬Азҳар» Шайх Аҳмад Таййиб ҳамроҳи раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, муфтӣ Усмонхон Алимов маҷмӯаи Имом Бухориро зиёрат карданд.
Дар ҳаққи муҳаддиси бузург тиловат намуданд.
Сипас, меҳмони олимартаба бо фаъолияти Маркази байналхалқии илмӣ-¬тадқиқотии Имом Бухорӣ ва Мактаби илми ҳадис, ки бо ташаб-буси сарвари давлатамон ташкил гардид, шинос шуданд.
Дар рафти сӯҳбат бо кормандони илмӣ ва шунавандагони муассиса Шайх Аҳмад Таййиб таъкид кард, то онҳо дар оянда вориси муносиби Имом Бухорӣ, Имом Мотурудӣ, Имом Тирмизӣ барин алломаҳои бузург гарданд.
Роҳбари маҷмӯаи «Ал-¬Азҳар» ба китоби меҳмонони фахрии маркази байналхалқӣ ва Мактаби илми ҳадис каломи дили худро навишт.
Анҷуман пагоҳ кори худро анҷом медиҳад.
Рамил АДИГАМОВ,
– мудири кафедраи забони арабии Донишгоҳи Қазон:
• 20 сол боз бо таълимоти ақида шуғл меварзам. Асари «Китоб-ут – тавҳид»- и Мотуридиро ба забони русӣ тарҷима намуда, бо фаҳмишҳои илмӣ ва мероси ин алломаи бузург аз наздик ошно гаштам. Бинобар ин, бе ҳеҷ як дудилагӣ гуфта метавонам, ки ташкил шудани чунин анҷумани байналхалқие, ки ба омӯзиши Имом Мотуридӣ ва таълимоти мотурудия бахшида шудааст, баҳри таъмини тозагии дини муқаддаси ислом ва ҳифзи он аз ҳар гуна эътиқоду ғояҳои вайронкор аҳамиятнок аст. Аз ин сабаб, ба ин анҷуман олимони олами ислом таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Умедворам, ки ин анҷуман боиси омӯзиши амиқи мероси илмии Имом Мотуридӣ, ошкор кардани аҳамияти таълимоти мотурудия ба зидди ғояҳои вайронкор ва дар ин бора, барои таҷриба иваз намудани мо – олимон хизмат мекунад.
Аҳмад ТАМИМ,
саримом хатиби Украина, муфтӣ:

9– Иштирок дар конференсияи байналхалқӣ дар мавзӯи «Имом Абу Мансур Мотуридӣ ва таълимоти мотуридия: гузашта ва имрӯз», ки дар шаҳри Самарқанд гузаронида мешавад, барои ман шарафи бузург аст. Ин имоми бузург, ки дар деҳаи Мотуриди Самарқанд таваллуд шуда ба камол расидааст, дар рушди илми ҳадис ва фиқҳ саҳми босазо гузоштааст. Имом Мотуридӣ аз арбобҳои диние ба шумор меравад, ки на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар олами ислом шӯҳрат ва обрӯи зиёд дорад. Чунки дар замони зисти аллома дар дини ислом адади гурӯҳ ва фирқаҳои гуногун афзуда, ихтилофоти зиёд ба миён омадааст. Дар чунин шароит, Имом Мотуридӣ барои ошкор кардани моҳияти аслии ислом ва нигаҳ доштани ақоиди поки исломӣ кори бузурге анҷом дод.
Омӯхтани ин мероси илмӣ ва васеъ тарғиб кардани он барои имрӯз низ аҳамияти муҳим дорад ва ин анҷуман, бешубҳа, корро ба зинаи нав мебарорад.
Муҳаммад Зубайр УСМОНӢ, раиси кумитаи фиқҳ дар
Покистон, доктори
Донишгоҳи Карачӣ:
– Ба фикрам, барои гузаронидани анҷумани байналхалқӣ, ки ба омӯзиши Имом Мотурудӣ ва таълимоти мотуридия чун Ӯзбекистон дигар ҷойи муносибе нест. Зеро, Имом Мотуридӣ, ки эътиқоди аҳли сунна ва ҷомеаро ба як низом дароварда, аз худ мактаби илмӣ гузоштааст, маҳз дар ҳамин сарзамин ба камол расидааст.
Ман ҳамчун як шахсе, ки ба фиқҳи ислом бар асоси таълимоти мотуридия эътиқод дорад, гуфта метавонам, ки Ӯзбекистон гаҳвораи олимони тавоно аст. Мо халқи Покистон ва кишварҳои дигаре, ки дар асоси таълимоти мотуридия эътиқод мекунад, аз ин кишвар миннатдорем, ки дар илми фиқҳ чун Имом Марғинонӣ, Убайдуллоҳ ибн Масъуд, Абу Мансур Мотуридӣ, Абу Муъин Насафӣ барин алломаҳоро тарбия намудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ