Ҷаҳолат – қашшоқии азим мебошад


Ман донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳастам. Ҳар ҳафта устод Сироҷиддин Хӯҷақулов ба мо соати ахбор мегузаранд, ки дар раванди дарс моро аз ахбори навини мамлакат, ислоҳотҳои сиёсӣ, даст¬овардҳои соҳаҳои гуногун хабардор мекунанд.
Чанде пеш муаллим ба мо дар бораи Муроҷиатномаи Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис, мазмуну моҳият, вазифаҳои мушаххас, ки дар ин ҳуҷҷати тақдирсоз баён гардидаанд ва ба рушди мамлакат, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, афзун кардани нуфузи Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ нигаронида шудаанд, маълумот доданд.
Дар ибтидо таъкид карданд, ки соли 2020 бо пешниҳоди Сарвари давлат «Соли илм, маърифат ва рушди иқтисодиёти рақамӣ» эълон карда шуд ва ин беҳуда набуд. Агар Шумо тавассути оинаи нилгун тамошо карда бошед ё дар рӯзномаҳо хонда бошед, медонед, ки роҳбари давлат дар ибтидои сухан андешаи яке аз мутафаккирони бузурги Шарқро ёдрас карда, «Хирад ва илм сарвати бузург аст, тарбияи хуб мероси олист, ҷаҳолат – қашшоқии азим мебошад», гуфтанд.
«Муроҷиатномаи Призидент санади муназзамест барои ҳаёти ояндаи ҳар як фарди худшиносу худогоҳ, – таъкид карданд устод С. Хӯҷақулов. – Таърихан ягон Сарвари мамлакат вазъу аҳволи иҷтимоии хешро чунин кушоду воқеӣ ва ошкоро баррасӣ накардааст. Инчунин, дар ин ҳуҷҷати тақдирсоз бобати шинохти фарҳангу арзишҳои миллӣ, мероси ниёгон ва адабиёту санъат низ фикрҳои ҷолиб баён гардидааст».
Пас аз шунидани ин суханони устод матни комили Муроҷиатномаро саросар хондам. Дар ҳақиқат, дар он мақсадҳои бузург дар роҳи ташаккул додани Ӯзбекистони нав иброз гардида, самтҳои асосӣ роҷеъ ба рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ баён шудааст. Зикр гардидааст, ки агар мо ҳамҷиҳатона пеш равем, донишҳои замонавиро аз худ намоем, поквиҷдонона ва пурмаҳсул кор кунем, ҳаёти мо, тамоми ҷомеаи мо ҳатман рӯ ба беҳбудӣ меоварад.
«Мо вазифадорем, ки барои ҷавононамон, ки ба гирифтани маълумоти олӣ, такмил додани дониши худ саъй мекунанд, мехоҳанд ҳаёти худро ба илм бахшанд, тамоми шароитҳоро фароҳам оварем», гуфтанд, сарвари кишвар.
Ин сухани Президентро хонда, дар дилам эҳсоси наҷибе пайдо шуд. Худро камтар сарзаниш кардам ва дар ниҳод савол додам: вақте ки роҳбари давлат ба мо-¬ҷавонон бовар карда, барои соҳиби маълумоти олӣ гардидани мо шароитҳоро фароҳам месозанд, мо ба ин эътибору ғамхорӣ чӣ гуна бояд ҷавоб диҳем? Оё то имрӯз муносиб будем? Агар не, дар оянда бояд чӣ хел бошем?
Дар анҷом ба худ қавл додам, ки минбаъд аз имкониятҳое, ки муҳайёст, босамар истифода мебарам ва дар роҳи рушду равнақи давлат камари ҳиммат баста, баҳри ояндаи дурахшони кишвар талош мекунам ва ҳамсолони худро низ дар ин роҳ тарғибу ташвиқ менамоям.
Фарсимои ФАРИДУНЗОДА,
донишҷӯ, шогирди «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»-и назди рӯзнома.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ