4-уми март – Рӯзи таъсиси Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон

4-уми март – Рӯзи таъсиси Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон


Шабу рӯз онҳо ба хизмат омодаанд
Ҳаёти инсон пур аз тасодуфҳои гуногун аст. Ин замини куҳан чӣ гуна балову офатҳоро паси сар накардааст. Офатҳои гуногуни табиӣ, техногенӣ ё ки экологие, ки дар баъзе мамлакатҳои ҷаҳон рӯй медиҳанд, ҳеҷ касро бефарқ намегузоранд. Ҳудуди кишварамонро низ аз вазъиятҳои фавқулодда дур аст гуфта наметавонем. Кай ва чӣ хел рӯй додани офати табииро пешакӣ донистан кори мушкил аст. Аз ин рӯ, дар мамлакат ба пешгирии вазъиятҳои фавқулодда, пешакӣ огоҳ кардани аҳолӣ аз чунин офатҳои табиӣ аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Наҷотдиҳандагон-¬халоскорони мо, ки шабу рӯз ба хизмат омодаанд, дар ин соҳа таҷрибаи зиёд доранд.
Бояд гуфт, ки Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 4-уми марти соли 1996 «Дар бораи таъсиси Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» ташкил карда шудааст.
Тӯли солҳо кормандони соҳа оид ба пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиаи шаҳрвандӣ вобаста ба ҳифзи аҳолӣ корҳои босамар иҷро намуда, бобати аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, экологӣ ва дорои хусусияти техногенӣ огоҳ кардани мардум, роҳҳои пешгирӣ ва бартарафсозии онҳо чорабиниҳо меандешанд.
Имрӯзҳо шӯъбаҳои ҳудудии вазорат бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардида, наҷотдиҳанда-¬халоскорон шабу рӯз ба хизмати мардум омодаанд.
Аз ҷумла, кормандони Садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилоят низ дар ин самт меҳнати босамар бурда, мунтазам дар корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ ва тадбирҳо мегузаронанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ