Нурафшон – гӯшаи маҳбуби Кимёгарон

Нурафшон – гӯшаи маҳбуби Кимёгарон


Бале, ин гӯша чанд сол боз истифода намешуд, ба як ҳолати ногувор афтода, ба ҷойи партови хокрӯба табдил ёфта буд. Ин маркази маданӣ аз эътибор дур буд. То имрӯз ба ин гӯша ҳеҷ кас ташриф намеовард. Имрӯз ин маркази маданӣ мутобиқи талаби замон таъмир гардид ва ба мавзеи обод табдил ёфт. Дар ин ҷо ҳамчунин боғи ҷавонон, майдони футбол вуҷуд дорад, ки шахсро хушҳол мекунанд. Маросими кушоиши қасри санъат ба қалби ҳар як шаҳрванд таровати баҳорӣ бахшид.
– Ин бино солҳои 2014-2018 ба истифода дода нашуда буд ва фаъолият нишон намедод, – гуфт ҳокими вилоят Э. Турдимов. – Ба туфайли аз ҷониби Президент ба маданият ва ҳунар таваҷҷӯҳ зоҳир кардан, дар моҳи январи соли 2019 аз маблағҳои буҷаи маҳаллӣ 15,4 млрд сӯм пул ҷудо карда шуда, аз нав таъмир гардид. Ба марказ дар асоси пешниҳодҳои афрод, Нурафшон ном дода шуд. Имрӯз ин марказ барои аҳолии шаҳраки Кимёгарон ба маскани маҳбуб табдил ёфтааст, ҷавонони мо дар ин ҷо вақти холии худро бомазмун мегузаронанд, марказ робитаи мардумро ба санъату маданият бештар мекунад.
Дар ин маркази маданият китобхона, қариб 10-то маҳфил, боғи ҷавонон, қаҳвахона ва майдони футбол вуҷуд доранд.
Толори консертӣ мутобиқи талаби замон таъмир ва барои 350 тамошобин муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Дар маркази санъат студияи сабти овоз ташкил карда шудааст. Ин студия бо асбобҳои ширкати YAMANA муҷаҳҳаз карда шудааст. Дар ҳавлии марказ фаввораи мусиқӣ сохта шудааст.
Насиба ҶОНТӮРАЕВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ