Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад…


Дар мактаби таълими умумии рақами 43-и ноҳияи Самарқанд ба муносиби Рӯзи байналмилалии забони модарӣ тадбири фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ки бо ҳамкории маъмурияти мактаб ва Маркази миллӣ-¬мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят доир гардид, омӯзгорон, донишомӯзони боргоҳи таълимӣ ва волидони онҳо иштирок карданд.
Дар тадбир директори мактаб Муҳаррам Муродова, раиси Маркази миллӣ-¬мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят, депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия Акбарҷон Маҳмудов дар бораи аҳамияти омӯзиши забони модарӣ, ҳифз намудани он, эҳтиром ба забон ва масъалаҳои дигар ҳарф заданд.
Зикр гашт, ки забон неъмати бебаҳост. Ҳанӯз тифле, ки нав чашм кушодааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва аз навои форами он худро озоду бофароғат эҳсос мекунад. Ҳоло дар мамлакат барои бо забони модарии хеш таълим гирифтани тоҷикзабонон имкониятҳои хуб фароҳам гардидааст. Дар баъзе факултетҳои мактабҳои олӣ низ гурӯҳҳои тоҷикӣ амал мекунанд. Ҷавонон бояд аз имкониятҳо босамар истифода бурда, вақти худро беҳуда нагузаронанд ва бештар китоб мутолиа намоянд. Дар анҷом аз тарафи Маркази миллӣ—мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ба хонандагони фаъол ва пешқадам китобҳо тӯҳфа карда шуд.
Донишомӯзон бо баромадҳои ҷолиб, саҳначаҳо ва қироати шеърҳо дар васфи забон, табъи иштирокдоронро болида сохтанд.
Амирҷон РАҲМОНҚУЛОВ, хонандаи мактаби таълими умумии рақами 43-и ноҳияи Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ