Чаро атласи хонӣ мегӯянд?


Яке аз ҷойҳои сазовори диққати шаҳри Самарқанд мавзеи Руҳобод аст. Як вақтҳо дар ҳуҷраҳои он Алишер Навоӣ ва Али Қушчӣ таълим гирифтаанд. Ҳоло дар онҳо фаъолияти ҳунармандон ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ба роҳ монда шудааст. Дар яке аз онҳо ба меҳмонони шаҳри мо матои шоҳиворӣ – атлас ҳам намоиш дода мешавад.
Дар бораи таърихи пайдоиши атлас афсонаву ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Яке аз онҳо чунин аст: дар замонҳои қадим ҳукмрони Марғелон бори панҷум хонадор шудан хост ва талабгори духтари бофандае шуд. Падари духтар ғамгин шуда, зери пои хон сар монд, ки аз баҳри духтараш барояд. Вале хон талабе пешниҳод кард:
– Агар то пагоҳ як матои зебое бофӣ, ки аз зебоии он ман ҳусну ҷамоли духтари туро фаромӯш карда тавонам, майлаш, ман аз баҳри духтари ту мебароям.
Бофанда аз ин талаби хон дар лаби ҷӯй маҳзун нишаста, чӣ кор карданро намедонист. Ногоҳ чашмаш дар рӯйи об ба акси рангинкамони баъди борон афтод. «Оҳ, Худоё, барои ин ҳидоятат аз ту миннатдорам!» гуфт ва ба сӯйи хонааш тохт.
Ӯ то саҳар як матое бофт, ки дар рӯйи об ҳамранги онро дида буд. Вай мисли абрҳои осмон сабук, ҳамчун ҳавои кӯҳистон тоза ва бо тамоми рангҳо диққатрабо буд. Вақте ки бофанда матои худро ба пеши хон бурд, амир аз зебоии он ба ҳайрат афтод.
Номи матоъро атласи хонӣ (хонатлас) монданд ва духтари бофандаро ба писараш келин кард.
Атлас аз абрешим тайёр карда мешавад. Баъзеи онҳо сад фоиз абрешимӣ бошад, ба баъзе намуди онҳо нахҳои пахтагӣ ё сунъӣ ҳамроҳ менамоянд. Ҳоло, атлас асосан дар Марғелон ба воситаи дастгоҳҳои замонавӣ истеҳсол мегардад. Атласҳои бофтаи дастиро танҳо аз даруни сандуқҳои пиразанҳо ёфтан мумкин аст.
Дилфуза МУҲАММАДИЕВА,
гид-¬экскурсоводи ансамбли Регистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ