Ворисони Беҳбудӣ чӣ мехоҳанд?

Ворисони Беҳбудӣ чӣ мехоҳанд?

  • Post category:Фарҳанг


Маърифатпарвари намоён, олими барҷаста, марди озодихоҳ Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ҳаёту зиндагии худро ба осоиштагии Ватан, бахту саодати халқ, соҳиби илму маърифат гардидани мардум бахшидааст, ки то охири умр ба истибдоди амирӣ зид буд.
Падараш Беҳбудхӯҷа соли 1868 бо оилааш аз шаҳри Урганч ба шаҳри Самарқанд кӯчида меояд ва тӯли 10 сол дар деҳаи Бахшитеппа чун имом хатиб кор мекунад. Дар ин мобайн, яъне 20-уми январи соли 1875 Маҳмудхоҷа ба дунё омадааст.
Маҳмудхоҷа аз синни 6-7 солагӣ аз тағояш Муҳаммад Сиддиқ хату савод меомӯзад, барои он ки қорӣ шавад, «Қуръон»-ро пурра аз бар мекунад.
Дар синни 15-солагӣ Маҳмудхоҷа дар назди тағояш мулло Одил илмҳои грамматикаи араб ва фанҳои замонавиро меомӯзад. Аз ҷумла, китобҳои «Кофия», «Шарҳи мулло»-ро мехонад. Аз мантиқ «Шамсия», аз ҳуқуқ «Мухтасар ул-¬виқоя» ва «Ҳошия» барин китобҳоро аз худ мекунад ва илми ҳисобро ҳам меомӯзад.
Маҳмудхоҷа дар азхудкунии дарс пешқадам буд ва хиради воло, ҷаҳонбинии васеъ дошт.
Соли 1898 падари Маҳмудхоҷа вафот мекунад ва пас аз вафоти падар кору бори зиндагӣ ба сари ин олими ҷавон меафтад.
Тағояш Муҳаммад Сиддиқ дар қишлоқи Чашмаоб қозӣ буд. Маҳмудхоҷа бо ин тағояш ба вазифаи мирзогӣ машғул мешавад. Дар он ҷо ӯ, қоидаҳои шариатро дар бораи муфтигӣ меомӯзад. Вақте ки тағояш аз қозигӣ меравад, Маҳмудхоҷа дар деҳаи Кобуд бо қози мулло Зубайд вазифаи мирзогиро давом медиҳад. Дар ин ҷо як-¬ду моҳ кор карда, доир ба масъалаҳои тақсими мерос, ҳуқуқшиносӣ ва ҳалли дигар масъалаҳо соҳибтаҷриба будани хешро исбот мекунад ва муфтӣ таъин мешавад. Ҳангоми дар қозихона мирзо будан, ба камбағалон, беваю бечорагон, ки бо масъалаҳои гуногун муроҷиат мекарданд, ёрӣ мерасонд. Бо рӯзгори онҳо аз наздик шинос мешуд. Аксари онҳо аз сабаби илму маърифат надоштан, ҳақ ва ҳуқуқи худро ҳимоя карда наметавонис-танд ва фирефтаи доми каззобон мегардиданд.
Соли 1899 Маҳмудхоҷа бо дӯсти бухорогияш Ҳоҷӣ Бақо ба сафари ҳаҷ меравад. Беҳбудӣ аз ин сафар пеши худ дуто мақсади асосиро гузошта буд: якум, иҷрои амали муборак ва фарз, дуввум шинос шудан бо сохтори таълими мамлакатҳои пешқадами ҷаҳон.
Вай дар Туркистон тараққиёти маърифатро аввал аз ислоҳ кардани мактабҳои кӯҳна сар кард. Бо ташаббус ва дастгирии як гурӯҳ дӯстон Мактабҳои усули навро ташкил карданд. Бо сокини деҳаи Раҷабамини ноҳияи Самарқанд Абдуқодир Шакурӣ саъю кӯшиш кард ва дар ҳавлии худ – дар кӯчаи Ёминӣ (шаҳри кӯҳнаи Самарқанд) мактаби «усули ҷадид»-ро кушода, дар он Абдуқодир Шакурӣ ва Маҳмудхоҷа дарс медоданд.
Дар ин мактаб духтари Маҳмудхоҷа Парвина (Сурайёхон) ва писарҳояшон Мақсудхоҷа, Маъсудхоҷа ва Матлубхоҷа бо усули ҷадид илм гирифтанд.
Духтарашон Парвина (Сурайёхон) баъд аз хатми ин мактаб дар хонаи Маҳмудхоҷа бо омӯхтани забонҳои русӣ, франсузӣ машғул шуда, он забонҳоро мукаммал меомӯзад.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ барои ривоҷи мактаби усули ҷадид имконияти худро дареғ надошт. Ӯ талабаҳоро бо китобҳои дарсӣ, либос ва хӯрок таъмин мекард.
Соли 1908 Маҳмудхоҷа китобхонаеро ташкил карда, ба он 2000 ҷилд китоб тақдим мекунад.
Барои мактабҳои усули ҷадид китобҳои дарсӣ ва дастурҳои «Мунтахаби ҷуғрофияи умумӣ», «Китоб-¬ул-¬атфол», «Мухтасари таърихи ислом», «Амалиёти ислом», «Мадхали ҷуғрофияи имронӣ», «Мухтасари ҷуғрофияи Русия» ва намоишномаи «Падаркуш»-ро таълиф намудааст, ки он соли 1913 нашр шуд ва моҳи январи соли 1914 онро ҳаваскорони театри шаҳри Самарқанд ба саҳна гузоштанд. Мураттиб ва ношири асари «Туркистон, Бухоро ва Хива харитаси» («Харитаи Туркистон, Бухоро ва Хива»), муҳаррир ва ношири рӯзномаи «Самарқанд» (1913-1914) ва маҷаллаи «Оина» (1914-1915) мебошад. Редаксияи газета ва маҷалла дар хонаи Маҳмудхоҷа буд. Манзили он дар шаҳри Самарқанд, кӯчаи Решетникова 9 (ҳозир кӯчаи Мирсаид Барака, 47) мавқеъ дошт. Духтари Маҳмудхоҷа – Парвинахон дар дафтари хотироти худ менависад, ки «Соли 1913 песаи «Падаркуш»-ро дар китобхонаи «Миллӣ»-и (кӯчаи Қӯшҳавзи шаҳри Самарқанд) ба саҳна гузоштанд, ки дар он роли занҳоро мардҳо бо либосҳои занона иҷро карданд. Зеро дар он вақт занҳо бозӣ намекарданд. Ба тамошобинҳо 320-то ҷой тайёр карда бошанд ҳам, аз бисёрии тамошобинҳо боз 30-то ҷой ташкил карданд. Ба тамошои ин песа баччаҳо аз болои дарахтҳо, занҳо бо фаранҷӣ аз болои бомҳо тамошо мекарданд. Ин песа бисёр машҳур шуд. Дар Тошканд ва шаҳрҳои Бухоро, Қӯқанд, Андиҷон, Намангон, Марғелон ва Каттақӯрғон низ онро ба саҳна гузоштанд».
«Дар зери таъсири песаи «Падаркуш» ман чӣ тавр песаи «Бахтсиз куёв» («Домоди бадбахт»)-ро навиштам, худам намедонам», гуфтааст Абдулло Қодирӣ.
Соли 1918 Маҳмудхоҷа дар шаҳри Самарқанд «Шӯрои деҳқонон ва коргарон»-и мусулмононро ташкил карда, чун комиссари маърифатпарвар кор мебарад.
Соли 1919 ҳамроҳи рафиқонашон Муҳаммадқул ва Мардонқул ба ҳаҷ мерафтанд, дар Шаҳрисабз одамони Амир Олимхон дастгир карда пинҳонӣ ба шаҳри Қаршӣ бурда, ба зиндон меандозанд. Дар он ҷо ҳокими шаҳар Тоғайбек онҳоро «душмани халқ» гуфта эълон мекунад. Аммо Маҳмудхоҷа рад карданд: «Мо ба ҳаҷ равона будем, барои чӣ моро доштед, намедонам?» – мегӯяд. Сардори зиндон гапҳои Маҳмудхоҷаро тасдиқ мекунад. Ҳоким (Тоғайбек) инро шунида, ӯро ҳам кофир гуфта ба зиндон меандозад. Ҳамаи онҳоро кофир эълон намуда, сарашонро аз тан ҷудо мекунанд.
Соли 1920 писари сардори зиндон ин хабари нохушро ба фарзандҳояшон Маҳмудхоҷа мерасонад ва хати падарашонро медиҳад.
Дар шаҳри Самарқанд се рӯз мотам эълон мекунанд ва тобути холиро дар шаҳрҳои Қаршӣ, Самарқанд ва Тошканд гирифта мегарданд.
Аз соли 1920 то 1937 шаҳри Шаҳрисабз ба номи Беҳбудӣ буд. Азбаски Беҳбудиро «душмани халқ» гуфта эълон карданд, соли 1937 дубора Шаҳрисабз ном гузоштанд.
Соли 1987 Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ сафед карда шуд ва соли 1995 дар мамлакат 120-солагии ин марди маърифатпарвар васеъ таҷлил гардид.
Имрӯз ворисони Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ номбардори падарбузурги худ ҳастанд. Ду набераашон Надимхон ва Мидҳатхон Беҳбудӣ соли 1985 дар шаҳри Москва «Луғати русӣ-¬тоҷикӣ»-ро аз нашр бароварданд. Ин луғат аз 72000 калима иборат аст.
Мо давомдиҳандагони авлоди Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ аз эътибору ғамхориҳое, ки дар мамлакат нисбати бобоямон амалӣ зоҳир мегардад, мамнун ҳастем. Президенти мамлакат дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис таъкид карданд, ки «имсол мо бояд 145-солагии олим ва арбоби барҷаста Маҳмудхоҷа Беҳбудиро ҷашн гирем, ки дар он давраи мушкили таърихи мо далерона барои озодии Ватан ва маърифати мардум баромад кардааст.» Мо инро шунида, хушҳол гардидем. Хуб мешуд, дар доираи ин чорабиниҳо фаъолияти «Нашриёти Беҳбудӣ», ки барои нашри китоб ва дастурҳои дарсӣ дар шаҳри Самарқанд таъсис дода буданд, аз нав ба роҳ монда шавад.
Раъно ТӮРАХӮҶАЕВА, номзади фанҳои филология, дотсент,
Беҳзодхон БЕҲБУДӢ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ