Дар донишгоҳ сохтори нав ҷорӣ гардид, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён хизмат мекунад

Дар донишгоҳ сохтори нав ҷорӣ гардид, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён хизмат мекунад

  • Post category:Фарҳанг


Дар ин бора ва ислоҳотҳои дигари амалигашта, дар анҷумани матбуотие, ки бо иштироки маъмурияти Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Роҳи абрешим» доир гашт, маълумот дода шуд.
Анҷумани матбуотӣ дар Хонаи матбуоти вилоят гузаронида шуда, роҳбарони муассисаи таълимгоҳи номбурда ва блогеру кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирокдорони тадбир буданд.
– Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Роҳи абрешим» дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 28-уми июни соли 2018, ки ҳангоми иштирок дар Саммити ҳамкории Шанхай пешниҳод шуда буд, ташкил гардидааст, – гуфт ректори донишгоҳ Баҳодур Ҳотамович. – Бояд гуфт, ки ҳоло таълимгоҳи мазкур ба яке аз бообрӯтарин муассисаи таълими олии соҳаи сайёҳии Ӯзбекистон табдил ёфтааст. Дар соли хониши 2019-2020 аз рӯйи се ихтисос таълим дода шуд. Агар рӯзҳои аввали хониш аз рӯйи сохтори рейтинг таълим дода бошем, ҳоло мо сохтори нави таълими кредит-модулро ҷорӣ намудем. Ин дар навбати аввал барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён хизмат мекунад. Инчунин, ба коррупсия роҳ намедиҳад. Дар сохтори кредит–модул барои донишҷӯён дафтари қайд дошта намешавад, яъне мо иштироки донишҷӯёнро дар дарсҳо назорат намекунем. Ҳангоме, ки донишҷӯ назоратҳоро намесупорад, худ барои ҳар соати иловагии муаллим ба кассаи муассиса маблағи муайяншударо пардохта, аз нав дарсҳоро аз худ мекунад.
Дар донишгоҳ 612 нафар донишҷӯ, аз ҷумла, 412 нафар дар шӯъбаи рӯзона (аз рӯйи 13 ихтисос), 104 нафар дар шӯъбаи ғоибона (5 ихтисос) ва 78 нафар дар шӯъбаи магистратура (3 ихтисос) таҳсил мегиранд. Ғайр аз донишҷӯёни ӯзбекистонӣ, талабаҳо аз Қазоқистону Тоҷикистон низ таҳсил мегиранд. Инчунин, қариб 70 фоизи муттахассисон аз мамлакатҳои хориҷа ҷалб гардидаанд.
Таъкид гардид, ки дар донишгоҳ ҳафтае як маротиба бо иштироки роҳбарон ва донишҷӯён соати ректор гузаронида мешавад. Дар он муаммо ва таклифу дархостҳои донишҷӯён баррасӣ мегарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ