Иқтисод

227,5 ҳазор тонна меваю сабзавот экспорт карда шуд


Васеъ намудани салоҳияти содиротии мамлакат, ба роҳ мондани бозорҳои нав ва афзунсозии даромадҳои буҷет аз ҳисоби воридот шароитҳои мусоид фароҳам гардида, барои ононе, ки маҳсулоти меваю сабзавот содир мекунанд, узван вобаста аст. Мувофиқи маълумотҳо аз ҷиҳати ҳаҷми экспорт меваю сабзавот пас аз гази табиӣ меистад. Ҳоло ба 80 давлати дунё зиёда аз 180 намуд меваю сабзавот расонида мешавад, ки исботи гуфтаҳои болост. Танҳо дар мисоли вилояти Самарқанд таҳлил кунем, дар моҳҳои январ-¬декабри соли 2019 зиёда аз 227,5 ҳазор тонна маваю сабзавот ба 160,5 миллион доллари ИМА экспорт карда шуд (суръати афзоиш 115,1 %).
Агар ба таркиби маҳсулоти содирот эътибор диҳем, дар моҳҳои январ-¬декабри соли 2019 зиёда аз 110,9 ҳазор тонна сабзавот (ба 41,3 миллион доллари ИМА) экспорт шудааст, ки нисбати ҳаминдавраи соли 2018 ба 27,3 ҳазор тонна зиёд аст.
Инчунин, 45 ҳазор тонна мева ва зираворҳо (45,9 миллион доллари ИМА) экспорт карда шуда, нисбати давраи мутаносиби соли 2018 ба 12 ҳазор тонна зиёд аст.
Хизмати ахбори
Садорати боҷхонаи вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ