100 нафар шаҳрванд соҳиби хонаҳои нав шуданд


2-юми март дар минтақаи Қорасуви шаҳри Самарқанд 18-то биноҳои замонавии бисёрқабата ба соҳибони худ супорида шуданд. Ин хонаҳо аз ҷониби ҳокимияти вилоят ба 40 нафаре, ки ба вазъияти мушкили иҷтимоӣ дучоршуда, камбизоат, маъюб, бепарастор ва ашхоси ба хона хеле мӯҳтоҷ дода шуд. Инчунин, ба 60 нафар коркуноне, ки дар муассисаҳои давлатии вилоят фаъолият мебаранд ва ба хона эҳтиёҷ доранд, хонаҳо ҷудо карда шуданд.
– Понздаҳ сол ин тараф бехона ҳастам, – гуфт Насиба Улуғмуродова. – Аз сабаби бехонагӣ фарзандонамро маҷбур ба хонаи бачагон супурдам. Имрӯз ба мо ҳокимияти вилоят хонаи дуҳуҷрадор тақдим кард. Сипосгузории худро бо сухан ифода карда наметавонам.
Ин биноҳо дар асоси технологияи Туркия сохта шуда, ба зилзилаи 9-баллӣ тоб оварда метавонанд. Дар ҳар хона сохтори марказонидашудаи гармирасонӣ, плитаи газ, мебели ошхона вуҷуд дорад. Хонаҳо барои зиндагӣ кардан пурра тайёр карда шуданд.
– Дар ин шаҳрак корҳои бунёдкорӣ акнун оғоз мешаванд, – гуфт ҳокими вилоят Э. Турдимов. – То имрӯз дар шаҳрак 1230 хонадон соҳиби хона шуда бошанд, имрӯз боз ба 100 нафар хона дода шуд. Ба наздикӣ дар ин ҷо боз сохтани биноҳои 24 қабата дар назар гирифта шудааст. Ғайр аз ин, дар шаҳрак сохтани бинои мактаби дорои 1670 ҷой бемористон, кӯдакистон, ҷойҳои истироҳат, мағоза ва павилонҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар атрофи биноҳои бисёрқабата барои 1800 мошин истгоҳ сохта мешавад. Дар оянда дар зери замин боз барои 500 мошин ҷойҳои нигаҳдорӣ бунёд хоҳад шуд.
Хуршеда ЭРНАЗАРОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ