Мардум маданияти истифода аз обро медонанд?

Мардум маданияти истифода аз обро медонанд?


Дар семинар – тренинге, ки бо ташаббуси Иттиҳодияи ҷамоатии «Сувчи» – и Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар доираи лоиҳаи «Афзунсозии хабардорӣ аз рӯйи масъалаҳои об ва муҳити атроф дар Ӯзбекистон ва ривоҷдиҳии ҳамкорӣ» дар Хонаи матбуоти вилоят баргузор гардид, сухан асосан бобати паст будани сатҳи маданияти мардум дар истифода аз об рафт. Тадбир дар доираи барномаи «Идораи барқарори захираҳои об дар ҳудудҳои Ӯзбекистон»- и Иттиҳоди Аврупо гузаронида шуд.
Тадбирро раиси Иттиҳодияи ҷамоатии «Сувчи» Тоҳир Маҷидов ҳусни ифтитоҳ бахшида, оиди мақсад ва вазифаҳои лоиҳа сухан ронд.
Сипас, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Сафар Абдувоҳидов дар бораи қадр намудани неъмати бузург – об, убол будани исрофи он, муносибати аҳолии саҳронишин ба оби ошомиданӣ, дар деҳот бунёд кардани ҳавзҳо, ташкили туризми экологӣ дар ҷойҳо ва ғайра ҳарф зад.
Сипас, ба ҳозирон видеолавҳаи «Нидои анҳори кӯҳна», ки ба мавзӯи қадрнамоӣ ва ифлос накардани об бахшида шудааст, намоиш дода шуд.
Мутахассисон ба журналистон оид ба сохтори обёрии чакрагӣ, обёрӣ бо ёрии қубурҳои пластикӣ, бо ёрдами ускунаҳои лазерӣ ҳамвор намудани замин, оқибатҳои давраи гармшавии глобалӣ, муаммоҳои экологии минтақавӣ ва умумбашарӣ, муаммоҳои оби ошомиданӣ ва истифодабарӣ аз пеститсидҳо, дигаргуншавии иқлим ва ғайра ҳарф заданд.
Дар давоми тадбир мутахассисон ба саволҳои журналистон ҷавобҳо доданд. Иштирокдорон доир ба мавзӯи семинар фикру дархостҳои худро пешкаш намуданд.
Дар поёни семинар аз ҷониби ташкилотчиён ба вакилони фаъоли воситаҳои ахбори оммавӣ, ки оиди масъалаҳои об, исроф накардани он ва тоза нигоҳдории муҳити атроф мунтазам мавод медиҳанд, ташаккурномаҳо супорида шуд.
Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ