Хатти кӯфӣ: маъмулӣ ва машҳурии он дар чист?

Хатти кӯфӣ: маъмулӣ ва машҳурии он дар чист?

  • Post category:Ҷаҳон


Хатти кӯфӣ яке аз қадимтарин намудҳои хатти арабӣ буда, дар охири асри 8 баъд аз таъсиси ду шаҳри калонтарини Ироқ – Басра ва Кӯфа ба вуҷуд омадааст. Он дар инкишофи ояндаи хатти арабӣ нақши хеле калон бозидааст. Аз ҳама қадимтарин навиштаҷоти хатти кӯфӣ ба асри 6 тааллуқ дорад.
Тахминан то асри 11 намуди кӯфии хат дар нусхабардории Қуръони Карим хатти аз ҳама асосӣ ба ҳисоб мерафт. Аз асрҳои 15-17 сар карда, осори хатти кӯфиро дар мадрасаҳои Улуғбек, Шердор ва Тиллокории маҷмӯи Регистон дидан мумкин. Аз асри 10 сар карда, ботадриҷ ҷойи онро намудҳои осонтари хат ишғол намуданд. Бо мурури замон навиштаҷоти ороишӣ, мисли хатти кӯфӣ хусусияти ахбории худро аз даст дод ва онро асосан бо мақсади навиштани иқтибосҳои гуногун истифода мебурданд.
Инкишофи хатти кӯфӣ ба он оварда расонд, ки якчанд намудҳои хоси он низ ба вуҷуд оварда шавад. Чунончи, дар навъи хатти «кӯфии ҳандасӣ» калимаҳо дар шакли қолибҳои геометрӣ, мисли доира, секунҷа, чоркунҷа ва ғайра навишта мешавад. Дар «кӯфии мухаммал» бошад, калимаҳо шакли растаниҳоро мегирад. Дар «кӯфии музаффар» бозии ҳарфҳо истифода гардида, дар шакли вертикалӣ ифода меёбад.
Навиштаҷоти кӯфӣ шакли хеле аниқи геомет¬рӣ дорад. Масоҳат ва кунҷи ҳар як ҳарф ба таври қатъӣ риоя шуда, хатҳои амудии он каме хиратар ифода меёбанд ва ҳарфҳо ба таври горизонталӣ навишта мешаванд. Хатти мазкур барои ба таври горизонталӣ навиштани матнҳо мувофиқ буда, дар маводи дилхоҳ, мисли металл, матои шоҳӣ, шиша, хишт ё ки тахта метавон сабт намуд. Дар 90 фоизи ёдгориҳои қадимӣ хатти кӯфиро дучор омадан мумкин. Чунончи, дар ёдгориҳои таърихии маҷмӯи Регистон, дар қисми дарунии манораҳо ва деворҳои мадрасаҳо бо навиштаҷоти «Аллоҳ», «Муҳаммад» с. а. в. ифода ёфтааст.
Дар энсиклопедияи машҳури «Ал-¬Феҳрист»-и Ибн ан-¬Надим ду намуди хатти қадимӣ – басрӣ ва кӯфӣ ёдоварӣ шудааст.
Хатти кӯфиро ба туфайли шаҳри Кӯфа чунин номгузорӣ намудаанд. Ба он ҳарфҳои кунҷдор, кам будани лигатура, дурии масофаи байни ҳарфҳои пайвастшуда хос мебошад.
Дар асоси услуби мазкур якчанд шаклҳои хат, ба мисли «кӯфии шарқӣ» ба вуҷуд омад, ки ҳарфҳо шакли диагоналҳои геометрии ростро ба худ гирифта, матни бо он навишташуда ба чоркунҷа монанд мегардад. Вай асосан дар он ҷойҳое истифода мешавад, ки мисли ороишоти меъморӣ бо хатти курсив навиштани матн имконнопазир аст.
Дар замони ҳозира хатти кӯфӣ ҳамчун ороишот дар сарлавҳаи асарҳо, инчунин овезаҳо истифода мегардад.
Намудҳои хеле зиёди ҳарф ва навиштаҷот вуҷуд доранд, ки ороишоти санъатро пеши назар ҷилвагар менамоянд, аммо нотакрории хатти кӯфӣ дар он аст, ки имкони дарк намудани мазмуни амиқ ва олидараҷаи ёдгориҳои меъмории Самарқандро медиҳад.
Шероз БОҚИЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ