Раҳом Аша: «Самарқанд, яъне шаҳри осмонӣ»


Доктори илмҳои риёзӣ, тиббиёт ва забоншиносӣ, узви Ҷамъияти бостоншиносии «Asiatique» дар шаҳри Парижи Фаронса, узви Донишкадаи шарқшиносии К.Р. Кама дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон – Раҳом Аша тӯли як моҳ меҳмони шаҳри Самарқанд буд. Доктор Раҳом Аша бо таклифи раёсати Донишгоҳи давлатии Самарқанд омад ва дар муддати як моҳ ба тарзи фишурда хусусиятҳои овозӣ ва сарфию наҳвии забони суғдиро ба устодон ва донишҷӯёни факултаи забон ва адабиёти тоҷик омӯхт.
Дар доираи ташриф мо бо устод Раҳом Аша мусоҳиба оростем.
– Устод, чанд рӯзест, ки муқими шаҳри Самарқанд ҳастед. Дар ин муддат оиди шаҳри Самарқанд чӣ таассуротҳо пайдо кардед?
– Ба ростӣ, ки Самарқанд шаҳрест дӯстдош¬танӣ ва ба ғояти ҳусну малоҳат. Ҳар кас ки ба ин ҷо меояд, дилбастаи ин шаҳр мегардад ва хоҳиши рафтан намекунад. Зеро шаҳрест зебо ва бостонӣ, дар баробари ин модерн ва ҳамзамонӣ, инчунин, мардуми хеле олиҷаноб ҳам дорад. Бори нахуст ба ин шаҳр омадам ва мутаассифам, ки пештар наомадаам.
– Устод, чӣ шуморо водор сохт, ки чунин забонҳои душвор ва азбайнрафтаро биомӯзед?
– Ман дар аввали фаъолият тақвимҳои қадимиро меомӯхтам. Аз рӯйи матнҳои тақвимҳои суғдӣ кор мекардам. Мехостам бидонам дар қадим чӣ тавр солшуморӣ мекарданд, чаро тақвими суғдӣ аз тақвими форсӣ панҷ рӯз фарқ дорад ва рози он дар чист.
Тақвими имрӯза, ки мо ба кор мебарем, аз тарафи Умари Хайём ва дигарон дуруст шудааст. Он тақвиме, ки форсҳо, суғдҳо, бохтариҳо ва хоразмиён ба кор мебурданд, дигар буд. Онҳо дар сол ду ҷашни муҳим доштанд: якеро «Меҳргон» меномиданд, ки дар оғози зимистон буда ва дуввум «Набсард», ки ба оғози тобистон рост меомад.
Ин тақвими дувоздаҳҳайвона, ки имрӯз бештари одамон фикр мекунанд аз Хитой пайдо шудааст, аслан моли суғдиҳост. Кӯҳантарин нишонае, ки марбуд ба ин тақвим аст, ба забони суғдист. Чиниҳо вожаҳои дигар доштанд, на ин вожаҳои ҳайвонӣ.
Хулоса, аз сабаби он ки бештари маълумотҳо ба забонҳои қадим мутааллиқ буданд, маро водор сохтанд то онҳоро биомӯзам. Тад¬риҷан ба омӯхтани забонҳои қадимӣ пардохтам ва онҳо яке дигареро пурра месохт. Маро лозим омад то хату забонҳои авастоӣ, суғдӣ, санскритӣ ва дигарро биомӯзам.
– Сарчашмаҳои забони суғдӣ асосан дар кадом минтақа дарёфт гардидаанд?
– Навад дарсади мактубҳои суғдӣ дар Хитой дарёфт гардидаанд. Даҳ фоизи дигар дар минтақаҳои Самарқанду Бухоро ва ҷойҳои дигар.
– Чаро айнан дар Хитой бештари мактубҳои қадимӣ ҳифз шудаанд?
– Хитой ҷое дорад бо номи Турфол, ки хокаш аҷиб аст. Аз сабаби хушк будани хоки он мактубҳои қадимӣ асрҳои зиёд нобуд нагардидаанд. Хоки он ҷо мисли хоки дигар манзил нест. Танҳо дар Миср ҳамин гуна ҷо ҳаст, ки он ҷоро Наг-¬Ҳамади меноманд ва хоки он ҳам нигоҳдорандаи коғаз аст. Масалан, дар дигар макон гар коғазе зери хок кунед, баъд аз муддате нобуд хоҳад гашт, аммо дар Турфоли Чин ва Наг-¬Ҳамадии Миср ингуна нест. Дар ин ду манзил коғаз метавонад асрҳои аср боқӣ монад. Онҳо маъхази бисёр навиштаҳои қадимӣ ба ҳисоб меравад.
– Мақоми суғдшиносӣ дар Ӯзбекистон ё Осиёи Марказӣ дар кадом поя аст?
– Мутаасифона, ман дар ин ҷо суғдшиносеро намешиносам, аммо албатта, суғдшиносиро дар Ӯзбекистон низ оғоз бояд кард. Дар ин ҷо бисёр маъхазҳои забонҳои суғдӣ, авастоӣ ва хоразмӣ пайдо хоҳад шуд. Вале ин чиз худ аз худ намешавад. Забоншиносро пуштибон лозим аст, ки беҳтарин пуштибон ин давлат аст. Давлат шахсонеро барои таҷриба андӯхтан ба хориҷ бояд бифиристад ва чун мутахассис шуданд ва баргашта омаданд, онҳоро бо кор низ таъмин намояд. Пас, агар навиштаи қадимие ба даст ояд, муҳтоҷи мутахассисони дигар кишварҳо нахоҳад шуд, зеро олимони худро ба кор мебарад ва аз дониши онҳо истифода мекунад.
– Дар бораи маънои вожаи «Самарқанд» ва чӣ гуна ба миён омадани ин ном ихтилофҳои зиёде мавҷуд аст. Оё дар ин бора маълумот доред?
– Самарқандиён дар қадим сарзамини худро «исманиё» – осмон ва «канд»- шаҳр, яъне «Шаҳри осмонӣ» меномиданд. Ин вожаи «Исморканд» оҳиста-¬оҳиста мубаддал шудааст ба «Самарқанд».
– Имрӯзҳо бо кадом корҳои илмӣ машғулед ва оянда чӣ гуна нақшаҳо доред? – Чанд солест, ки китобе дар боби пизишкии қадим омода месозам. Ин китоб шояд боз чанд соли дигар маро вобаста дорад. Ман дар ин китоби худ умумияту фарқияти тибби қадимии Суғд, Юнон, Ҳинд ва ғайраҳоро, инчунин, таърихи пайдоиш ва ҷойи пайдоиши роҳҳои муолиҷаи онҳоро мушаххас хоҳам кард.
Мусоҳиб Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ