Ғояи асосии ҷашни Наврӯз муайян гардид

Ғояи асосии ҷашни Наврӯз муайян гардид


То имрӯз байни мардум суоле ба миён гузошта шуда буд:Ҷашни имсолаи Наврӯз чӣ тавр мегузарад? Ҷавоби ин суол муайян гардид!
Қарори Президенти мамлакат “Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани ҷашни умумхалқии Наврӯз дар соли 2020” имзо карда шуд.
Мувофиқи он дар ҷойҳо айёми бедоршавии табиат ба шакли сайлҳои умумхалқӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.
Консепсия ва барномаи ҷашн дар худ ғояи “Наврӯзат – рӯзи нав, давраи нават муборак бод, Ӯзбекистони ҷоноҷонам” муҷассам мекунад.
Инчунин, дар доираи тадбирҳо дар ҷойҳо намоиши санъати ҳунармандӣ, растаҳои китоб, дӯконҳои савдои сайёр ва баромади саҳнавии гурӯҳҳои фолклории маҳаллӣ ташкил мегардад.
Ғайр аз ин, метавонед, аз намоишҳои саҳнавии сиркчиён, бахшию шоирон ва ҳунарпешагони санъат баҳраманд гардед.
Зеби дастархони наврӯзи сумалаку ҳалиса, бичаку самбӯсаҳои баҳорӣ низ пешкаши меҳмонон мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ