Дар Тоҷикистон аз сабаби коронавирус рӯзҳои ҷашни Наврӯз сайругаштҳои оммавӣ баргузор намешаванд

Дар Тоҷикистон аз сабаби коронавирус рӯзҳои ҷашни Наврӯз сайругаштҳои оммавӣ баргузор намешаванд
  • Post category:Ҷаҳон

Як манбаъи “Азия-Плюс” дар Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус хабар дод, ки қаблан баргузории ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки сарвари давлати ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шуда буд.
“Чорабиниҳои ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо даъвати шумори маҳдуди меҳмонон ва ҳунармандон баргузор мешаванд”, — иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ба ҷуз ин, дар ситод хабар доданд, ки сайругаштҳои оммавӣ дар боғҳои фарҳангу фароғати ҷумҳурӣ ва чорабиниҳои варзишӣ доир намешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ