Имкониятҳои таълимро фароҳам наоварда, зиндагии осоиштаи Афғонистонро тасаввур кардан ғайриимкон аст

Ба ҳама маълум аст, ки дар давраи ҷанги Афғонистон як насл ба зӯроварӣ ба воя расидааст.
Ҷавонони афғон барои муайян кардани сарнавишти худ, заруранд, ки маърифати ҷомеаро дар заминаи холи аз нафрат ва экстремизм ташаккул диҳанд. Ӯзбекистон дар ин самт фаъолона кор мебарад. Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар Термез як Маркази таълимӣ барои омӯзиши шаҳрвандони Афғонистон оғоз шуд.
Ҳоло қабули навбатии донишҷӯён идома дорад. Дар соли 2020 марказ 200 нафарро дар асоси имтиёзнок таълим медиҳад. Дар оянда мо ният дорем, ки шумораи донишҷӯёнро ба 300 нафар расонида, таълимгоҳро васеъ намоем.
Ғайр аз ин, роҳбари Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки дар Афғонистон фонди махсуси байналмилалии таълимӣ таъсис дода шавад. Ҳадафи асосии Фонд омӯзонидани ҷавонони Афғонистон барои ихтисоси зарурӣ, додани стипендия ва грантҳо барои донишҷӯёни боистеъдод ва олимони ҷавон мебошад.

Ӯзбекистон ба Қобул ҳамчун рамзи дӯстӣ кумаки башардӯстона расонида истодааст. Мо масъулияти худро дар назди мардуми бародари Афғонистон медонем ва чунин хоҳем кард.

Абдулазиз КОМИЛОВ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ