Низомиёни Ўзбекистон ва ИМА размоиши муштарак баргузор карданд

Низомиёни Ўзбекистон ва ИМА размоиши муштарак баргузор карданд


Гвардияи миллӣ ва дигар нерӯҳои амнияии Ӯзбекистон бо фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар Ҷиззах таҳти унвони “Посбони шикастнопазир-2020” размоиши муштарак баргузор карданд. Дар ин бора сафорати ИМА дар Ӯзбекистон хабар дод.
Размоиш аз 24 феврал то 2 март бо ҳадафи таҳкими ҳамкории амниятӣ ва беҳбудии амалиётҳои муштарак дар размоишгоҳи “Фориш” ва дигар ҷойҳое, ки иҷоза дода шудааст, баргузор гардид.
Бархе аз низомиёни амрикоӣ аз пойгоҳи “МакДилл”-и нерӯҳои ҳавоии ИМА дар шаҳри Тампа ба таври масофавӣ дар размоиш шират карданд.
Ин размоиш ба тарафҳо имкон дод, ки дар сурати рӯбарӯ шудан бо таҳдидоти гуногун бо ҳамкории сареъ ба он вокуниш (реаксия) нишон диҳанд.
Даниэл Розенблюм, сафири ИМА дар Ӯзбекистон гуфт, “Ҳамкории мо бо Ӯзбекистон бар асоси эҳтироми мутақобила ва манофеъи муштарак шакл гирифтааст. Размоишҳои муштарак, аз ҷумла, “Посбони шикастнопазир” нишондиҳандаи амиқ ва густурда будани ҳамкории мо мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ