Коронавирус: Имомони Тоҷикистон мардумро ба худдорӣ аз масҷидравӣ даъват мекунанд


Имом хатибони бархе аз масҷидҳои Тоҷикистон ба мардум пешниҳод карданд, ки барои пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус аз намози ҷамоъатӣ дар масҷид худдорӣ кунанд.
Афшин Муқим, дабири матбуъотии кумитаи корҳои дин ва танзими оиину маросимҳои мардумии Тоҷикистон ин вазъиятро чунин тавзеҳ дод, “Пешниҳоди қатъ кардани масҷидравӣ барои чанд вақт ташаббуси кормандони худи масҷид мебошад. Ин ташаббус бар асоси вазъияти кунунӣ ва пешниҳодҳои Маркази исломи Тоҷикистон гирифта шудааст. Ҳатто дар Аарабистони Саъудӣ адои умраро барои хориҷиён мамнӯъ карданд. Вале, дар кулл, ниҳодҳои масъули кишвар ҳанӯз карантин эълом накардаанд. Дар зимн, мумкин аст, ки ба зудӣ дар тамоми масҷидҳои кишвар ҳузури намозгузорон муваққатан қатъ мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ