Сарвазири Украина иваз шуд

Сарвазири Украина иваз шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Радаи Олии Украина номзадии Денис Шмигалро ба мақоми сарвазирӣ, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури кишвар пешниҳод карда буд, пуштибонӣ кард. Рӯзи гузашта, 4 март Алексей Гончарук, ки дар ин мақом буд, истеъфо дод.
291 нафар намоянда барои Шмигал раъй додаанд. 59 нафар муқобил ва 49 нафар бетараф буданд.
Шмигали 45-сола аз 5 феврали соли ҷорӣ муъовини сарвазир буд. Қабл аз ин ӯ ҳокими Ивано-Франковск буд.
Бар асоси қонуни Украина, дар сурати пуштибонии ҳадди ақал 226 нафар намоянда, номзад ба сарвазирӣ тасдиқ мегардад.
Шмигал дар суханронии худ дар порлумон гуфт, ки яке аз вазифаҳои аввали ҳукумати ӯ баррасии дубораи будҷаи давлатӣ дар соли 2020 хоҳад буд. Дар зимн, намояндагони мухолиф тасдиқ шудани номзадии Шмигал ба мақоми сарвазириро “кӯшиш ба таҷрубахоҳии нави ҳукумат” гуфтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ